Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо аз дасти ҷавонмарди ҳақталош аризаашро гирифтему ба роҳамон давом кардем. Баъдтар, рӯзи мулоқот бо роҳбарони шаҳри Самарқанд воқеаро гуфта, додрасӣ талаб доштем. Умедворам, ки ин талаби деҳқонон инобат хоҳад шуд. Охир, фарзандони тоҷиконро маҷбуран ба забони дигар сухан омӯхтан аз маданияти инсонӣ набуданашро бояд ки роҳбарони маориф низ донанд. Зӯроварӣ дар чи шакле зуҳур насозад, аломати барбарманишӣ буданашро пеш аз ҳама аҳли маориф медонанд ва аз ин боб ба авлодон дарс мегӯянд.
Якчанд сол аз ин пештар маро тасодуф афтода буд, ки як нафар адиби туркманро, ки дар анҷумани адибони тоҷик ширкат меварзид, ба сӯи Ҷиликӯл ба сӯи он мавзеи Тоҷикистон, ки дар он ҷо туркманҳо маскунанд, ҳамсафар бошам. Баъди ин сафар, ба гумонам, ҳар меҳмоне аз Туркманистон ба диёри мо ояд, даставвал ба хонаи ман занг мезанад, то ӯро ба ҷониби колхози туркманҳо раҳбаладӣ кунам. Аммо мо — зиёиёни тоҷик ба тоҷиконе, ки имрӯз аз ҳудуди республика берун афтодаанд, камтар ғамхорӣ ва сарпарастӣ зоҳир мекунем.
Агар шаҳри Самарқанд имрӯз шашсад ҳазор нуфус дошта бошад, бино ба қавли ҳолдонҳо, ҳаштод-навад фоизи ин аҳолӣ тоҷиконанд. Яъне то ба имрӯз қариб ним милюн мардуми тоҷик аз тамошои барномаҳои телевизиони Душанбе маҳрум монданаш магар дар ҳақи ҳамзабонону ҳамнаҷодон хиёнат нест?! Ҳуқуқи тоҷикони атрофу акноф ва музофотро чаро инобат намекунем?
Гуфтанд, ки баъзе хонаводаҳои самарқандиён ба нархи гарон бошад ҳам, антеннаҳои махсус сохта барномаи телевизиони Душанберо тамошо мекунанд. Аммо ҳунар ва мазмуни намоишҳо онҳоро қонеъ накардаст. Дар воқеъ, аз ин бобат барномаҳои телевизиони Тоҷикистон бо телевизиони Маскав ва Тошканд сабқат намекунад. Ин ҳол ҳам ба зарари фарҳангу маданияти мост. Адабиёти мо аз адабиёти рус ва узбек камӣ надорад. Сипас чаро журна-

пешина
аз 393
навбатӣ