Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
як навъ хиҷолатомез табассум намуда. — Аз касбу кори худ розиям. Китоби бадеъ ҳам ба коргар ва ҳам ба муаллиму олим баробар зарур аст. Маданияту маърифат ба ҳама даркор.
— Дар муҳити ин қадар китоб ман аминам фарзандони шумо одамони саодатманд хоҳанд гашт, — гуфтам ман дасти ӯро фишурда.
Мошини мо бонг дарзада аз миёни пиёдагардон мегузашту ба майдони дар таърих машҳури Регистон мебаромад. Солҳои охир ин майдони мӯҳташами бостонӣ ба нестӣ расидааст, ки ин амали носавобро авлоди фардо бар имрӯзиён нахоҳанд бахшид. Охир, Регистон майдони асосии Самарқанд, оинаи фасоҳату назокати он буд...
Мошини мо ба Регистон мебаромад, ки ҷавонмарде дар даст як варақ коғаз имдодталабон ба рӯи капоти мошин даст заду аз роҳамон боздошт.
— Ҳой, чӣ гап? Тинҷӣ охир? — пурсид Фаррух, — додари мунаққид Ҷӯра Бақозода, ки дар сари фармони мошин буд.
— Меҳмонони тоҷикистонӣ шумоед? — савол кард он ҷавонмард аз дарича ба рӯи ҳар якеи мо ягон-ягон нигариста.
— Не, — гуфт Фаррух аз эҳтиёт. Сипас боз пурсид:
— Ба меҳмонон чи гап доред?
— Меҳмонон шумоед... Ман мешиносам... Гӯш кунед, ман арз дорам: дар колхози мо, — колхози “Комсомол”-и райони Самарқанд ҳама тоҷиконанд, дигар миллатҳо нестанд, ҳама — тоҷик... — такрор мекард вай. — Аммо ду боғчаи кӯдакон дорем, ҳар ду ҳам ба забони ӯзбекӣ. Кӯдакони моро “сув” гӯед, намефаҳманд, “об те” гӯён гиря мекунанд. Мо ҳама талаб дорем, ки боғчаи кӯдакони моро тоҷикӣ кунанд, аммо Визирова ном дар Районо сахт муқобил аст, талаби моро ба инобат намегирад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо