Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Намедонам, дар Комитети давлатӣ оид ба нашриёт, полиграфия ва савдои китоб аз ин хусус ҳоло чи мегӯянд.
То ба ин қарибиҳо намояндагони савдои китоб мегуфтанд, ки адади нашрро аз рӯи талаби дӯконҳои китобфурӯшии республика муқаррар мекунанд. Баъди таҳқиқ ва таҳлили рӯзноманигор Н.Асадуллоев ба ҳама маълум гашт, ки ин даъвии онон дурӯғи маҳз будаст...
Ошноӣ бо китобдӯстони ҳақиқӣ ҳамеша маро хушнуд мекунад. Дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон китобдӯстон бисёранд. Баъзе аз ин китобдӯстон худ китобхонони ҳақиқианд, зиёиёни соҳибмаърифатанд ва аз сари сидқ дари китобхонаи худро барои мардумон кушодаанд.
Баъзе аз онҳо ташвиқу тарғиби китобро моҳирона адо мекунанд. Аммо дар миёни ин тӯда ман китобдӯстонеро низ дучор кардаам, ки хеле китоб ғун кардаанд, ҳатто дари китобхонаи худро барои ҳамдеҳагон кушодаанд, аммо худ китоб намехонанд, аз илму адабиёти имрӯз фарсахҳо дур мондаанд. Касе, ки худ китоб намехонад, чигуна дигаронро ба китобхонӣ ташвиқ мекунад, валлоҳ, ки дар тасаввур овардан наметавонам.
Ин ҳама гандумнамоёнро дидаву озмуда баъзан орзуманд будам:
— Кай бошад ки коргару деҳқони мо монанди намояндагони дигар миллатҳои мутамаддин китобхон мешаванд? Бо онҳо чун шахси дар донишу фаҳмиш баробар сӯҳбат кардан кай насиб мешавад?
Дар шаҳри Самарқанд ошноӣ бо чунин як ҷавонмарди китобдӯст маро бениҳоят хушнуд сохт. Коргари оддӣ Шамсиддин Саъдиев ҳамон шахсе буд, ки ман солҳо орзумандаш будам. Дар рафи китобхонаи ӯ аллакай ҳашт ҷилди “Энциклопедияи советии тоҷик”, ду ҷилди “Ғиёс-ул-луғот”, шумораҳои охирини “Наука и жизнь”, “Садои Шарқ” ва ғайра китобу маҷаллаҳои тоҷикию русиро дида, сараввал ҳеҷ боварам намеомад, ки ӯ коргари оддӣ аст.
— Бовар кунед, ман коргари оддиам, — мегуфт вай

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо