Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

листикаи мо қафо мондаст?
Биеём ба сари матлаби асосӣ.
Тоҷикони шаҳру вилояти Самарқанд алҳол нашрияи худро надоранд. Ин қадар аҳолӣ бе рӯзномаву маҷалла! Дар чунин айём агарчи ин гуфта аз ҳақиқат дур ҷилва мекунад, аммо санадест сотеъ ва далелест — қотеъ. Аз ин хусус бисёр рафиқон маро савол мекарданд, агарчи нек медонистанд, ки ин корҳо аз доираи амали адибон берун аст. Мегӯянд, ки идораҳои ба ин корҳо дахлдори ҷумҳурияти Ӯзбекистон чораҷӯие доранд. Бешак, чунин иқдом дар ин айём ба манфиати ҳар ду миллати ҳамсоя хоҳад буд.
Самарқандиён матбуоти Тоҷикистонро сари вақт намегиранд. Бисёр рӯзномаҳо баъди ду-се рӯз ба дасти обуначиён мерасад ва дар дӯконҳо ҳам ба ҳамин минвол ба таъхир пайдо мешавад. Шоири самарқандӣ Акбар Пирӯзӣ аз ин хусус мегуфт:
— Аз ин ваҷҳ мо боре ба вазири маданияти Тоҷикистон Нур Табаров гуфтем, хоҳиш кардем, ки кӯмак кунанд. Баъди ин арзадошт як-якуним моҳ ё бештар вазъи кор беҳӣ ёфт, матбуоти Тоҷикистон ҳар рӯз ба шаҳри Самарқанд мерасид. Вале сонитар боз ба вазъи аввалӣ баргашт.
Маълум мешавад, ки ин коршиканӣ ва хиёнати ошкоро дар идораи “Союзпечат”-и Тоҷикистон хеле чуқур реша гирифтааст. Киҳо дар ин идора фаъолият мекунанд, чаро боре тафтиш намекунем?
Дар дӯконҳои рӯзномафурӯшии шаҳрҳои Душанбе, Ленинобод, Қӯрғонтеппа, Конибодом ва маркази баъзе районҳои Тоҷикистон хонандагон ҳамеша рӯзномаю маҷаллаҳои нашри Ӯзбекистонро пайдо мекунанд — аз “Совет Ӯзбекистонӣ” то ба “Муштум”, “Шарқ юлдузӣ” ва ғайра дастарси умум аст. Дар Тоҷикистон ҳеҷ кас монеи маърифати инсон нест, аммо чаро дар вилояту ноҳияҳои тоҷикнишини Узбекистон матбуоти тоҷик ноёб аст? Чаро бародарони мо баробари мо амал намекунанд?
Аз ин хусус вақт аст, ки ҳар яке биандешем.

пешина
аз 393
навбатӣ