Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тарбияро дар баъзе мактабҳо бештар аз пештар дучор мекунем. Бешак, фирефтани бачаҳо кори мушкил нест, зиёда аз он, имрӯз ҳеҷ як бача барои бист тин дар назди рафиқонаш шармсорӣ кашидан намехоҳад.
Аммо дар назар чунин меояд, ки ин зайл фиребҳои ширин агар пайваста такрор шаванд, он матлаберо, ки аз таълим ва тарбияи кӯдакон чашмдорем, барбод медиҳад, ҳеҷу пуч месозад.
Онҳое, ки аз ин савдо дар каноранд ва ё аз вазъи мактабҳои шаҳри Душанбе ғофиланд, боре дар тасаввур оваред, ки дар тӯли як соли таҳсил муаллимон аз шогирдон чанд бор пулчинӣ мекунанд: агар театр тамошобин намеёбад, пул мечинанд? Мечинанд. Барои иҷрои плани кинотеатр, барои ёрӣ ба бачагони кишварҳои беравнақ ё мусибатзада, барои чандин хел фондҳо, ҷамъиятҳое, ки ному унвони ҳамаи онҳоро ҳеҷ кас пурра ёд надорад, барои таъмири мактаб, барои... Ҳатто расм шудаст, ки дар арафаи таътили тобистонӣ муаллимон путёвкаи истироҳати лагерҳои пионериро ба бачагон бояд ки бифирӯшанд. Якчанд тан аз муаллимҳои шаҳр ба ман иқрор карданд, ки бачаҳо вазъи хароби лагерҳоро медонанд, бинобар он, аз истироҳати бепул ҳам саркашӣ мекунанд.
Ва омӯзгорон ба ночор пули ду се путёвкаи ба онҳо расидаро аз ҷайби худ дода, гиребони худро аз дасти маъмурияти мактабу шӯъбаи маориф халос мекардаанд. “Чӣ илоҷ, ба зӯрӣ аз бачаҳо пул бигирем? Путёвкаро ба қуттии хасрӯба партофта, пулашро медиҳему баъди ин маро ба таътил рухсат медиҳанд” — мегӯянд муаллимон. Маро муқаррар кардан мушкил омад, ки ин ҳукми ҷиноятосор аслан аз куҷо сар зада аст.
Ислоҳоти мактабро аз решакан кардани инчунин дурӯғнамоӣ ва усули бюрократона ба таълиму тарбия ва ба кӯдакону муаллимон бояд оғоз кард. Дар ҳар ҷое, ки дурӯғу фиреб усули коргузорист, ҳама ҷаҳди мо дар арсаи таълиму тарбия монанди дар ҳован об кӯфтан беҳудакорӣ аст.

пешина
аз 393
навбатӣ