Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ГӮР СӮЗАДУ ДЕГИ ҚАЛАНДАР
ҶӮШАД
(ба ҷои фелетон)

Пеш аз оғози таътили зимистонии мактабиён дар хонаи як тан аз дӯстонам будам. Писари ӯ Хуршед, ки дар синфи ҳафтуми яке аз мактабҳои маъруфи пойтахтамон таҳсили илм мекард, бетоқатона гуфтугӯи маро бурид:
— Додо, фардо барои кино бояд пул барам. Агар набарам, муаллима аз синф меронад.
— Агар махфӣ набошад, бигӯ, ки ту бо ҷӯраҳоят кадом филмро тамошо карданӣ? — пурсид падар.
— Мо филм тамошо карданӣ намеравем. Хайр, баъзеҳо мераванд. Муаллима аз ҳар кас як сӯм гирифта, барои тамошо дар рӯзҳои таътил билет меорад. Ҳамааш филмҳои кӯҳна, намешудагӣ.
— Ба ғайр аз ин, охир ту дар рӯзҳои таътил ба деҳа, ба назди бобою бибиат меравӣ-ку!
— Ба деҳа меравем, — ғолибан аз ин чунин гапнофаҳмии падар бачаро ханда гирифт. — Гуфтам-ку, дигарон ҳам ба тамошои он филмҳо намераванд, аммо пулашро додан даркор... Муаллима ҳамин тавр гуфтанд.
Агар пул набарам, баҳои чорякӣ намегузоранд.
Ин муколамаи падару писарро гӯш медодаму маро дар тасаввур меомад, ки чи гуна бачаҳои шӯх дар рӯзҳои таътил бо баҳонаи тамошои филм дар даст билет аз хона берун мераванду сипас тамоми рӯз дар бозору магазинҳо, дар майдону хиёбонҳои шаҳр ҳарзагардӣ мекунанд.
— Нигар, чи гуна кӯдаконро сохтакорию авомфиребӣ меомӯзанд. Дар каҷу девор каҷ, ҳам вассаю болор каҷ, сипас ман тани танҳо чи хел ӯро ба сӯи ростию дурустӣ ҳидоят кунам?! Тамоми сол аҳвол ин аст: агар бист тин ба дасти бача диҳам, то ки яхмос харида хурад, сабабе мебарояду аз дасташ мегиранд. Бача ба ҳамаи он корҳои аслан шоистаи таҳсин нохуш менигарад...
Чи гӯям, ки айёми охир ин гуна корбандии хилофи

пешина
аз 393
навбатӣ