Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

машғули коранд ё худ дар милиция, таъмиргоҳи мошинҳо кор мекунанду рӯзгори андаке таъмин доранд, камтар ба назар мерасанд. Гурӯҳи сеюм — бачагоне, ки падари онҳо дар сафи раҳбарони колхоз ё дар идораи суду прокуратура кор мекунанд, ронандаи мошини раҳбари ягон идораи калонанд, бо ин бачаҳо камтар меомезанд ва дар воқеъ онҳо аз ин тӯда тафовут доранд ва чун қоида аз ин тафовути худ ифтихор ҳам доранд.
Баъзе рафиқони мо ин ҳолро маъмулӣ нест мегӯянд.
Аммо ман аминам, ки ин гуна ҳолат муддатҳо боз ба зуҳуроти иҷтимоӣ табдил гаштааст. Бинобар он ҳам имрӯз аз ин ваҷҳ бо камоли ҷиддият сухан кардан ҷоиз аст.
Худро нодида ва ношунида ангоридан кори саҳл аст, бо чашмро пӯшидан сӯхторро надидан метавон, вале хомӯш кардан намешавад. Ман борҳо аз ин ҷавонҳо пурсидам:
— Баъди ба камол расидан чи диҳанд, ки шумо хушбахт мешавед? Зан? Хона? Мошин? Вазифа? Мансаб?
Онҳо аз ин ваҷҳ хеле дуру дароз фикр мекарданду сипас шармида мегуфтанд:
— Хайр, агар одам... масалан, раиси колхоз бошад, аз чӯпон будан беҳтар аст...
Дар хориҷа ман дидам, ки фермер ё фарзанди фермер ба ҳеҷ мансабдоре ҳасад намебаранд, шуғли худро авло мешуморанд. Чаро? Барои чи дар мамлакати мо фақат мансабдор дар ҷамъият имтиёзманд аст? На аҳли ҳунар, на аҳли илм, на инсони покизаву дурустқавл ва на дигар мардони мушкилкушои мардум?..
Аз ин ваҷҳ ман имрӯз бо камоли эътимод ошкоро гуфтаниам, ки мо аз роҳи хато меравем! Моро ба роҳи хато андохтаанд! Ин роҳ ҷамъияти моро оқибат ба харобиҳои гӯшношунида ва мусибатҳои каснадида хохад овард... Агар сари вақт аз ин роҳи ҳалокатовар барнагардем...

пешина
аз 393
навбатӣ