Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Бубинед, ки ҳатто идораи суғурта барин муассисае, ки то ба имрӯз алоқамандони сифр ихтиёрӣ дошт, дигар ходимони худро ба идораю корхонаҳо ва ё макони истиқомати мардум нафиристода, ба воситаи мактаб ва муаллимон бачаҳоро суғурта мекунанду плони корро иҷро менамоянд, моҳона мегиранд, ба мукофот мушарраф мешаванд.
Рӯзе духтарчаи ман аз мактаб омаду аз модар талаб кард, ки ба ӯ торти “Шири мурғ” пухта диҳад.
— Фардо дар мактаб ярмарка! Ҳар синф ашёву хӯрокиҳои сохтагиашро мефурӯшанду пулашро ба фонди...
— Хуб, ту маро ташвиш надода пули онро бубар, — гуфт модараш. — Ман торт пухтан наметавонам. Ба ғайр аз ин, ин шабу рӯз хеле серкорам.
— Не, ман бояд торти “Шири мурғ” пухта барам.
Ҳар хонанда чизи таъин кардагиро бояд барад.
— Хуб, аз магазин торт харида диҳам, бар.
— Не намешавад. Торти магазинро кӣ мехарад?!
Агар ҳанӯз имкони тасаввур доред, вазъи модари бечораро боре дар тасаввур оваред, фаъолиятмандони маориф! Шумо худро фаъол намоиш медиҳеду чи қадар касонро дар ташвиш меандозед, бачаҳоро фиребу сохтакорӣ меомӯзед, ки ин ҳам ҷинояти афвнопазир аст.
Агар фардо духтараки ман аз мактаб ба хона ояду бигӯяд, ки падар, се сӯм бидеҳ, ман бояд ки узви ҷамъияти дорбозон ё моргирон бишавам, маро ҳеҷ аҷаб намеояд, зеро намоишкорию бюрократизм дар соҳаи маорифи Тоҷикистон аз ҳадде, ки ақли инсон мегирад, гузаштааст.
Ҳар бор барои иҷрои плани театр аз бачаҳо 70-тинӣ пул мечинанду қариб ними бачаҳо ба он намоишномаҳо намераванд ё ба ночор мераванд. Агар бачаҳо боре ба ин 70-тин китобе мехариданду муаллим аз рӯи он китоб гуфтугузоре ташкил мекард, он китоби ҳафтодтина якумрӣ барои ӯ ёдгор мемонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо