Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ба қарибӣ мардуми мамлакатамон номзадҳои худро ба ҳайати ҳукуматамон интихоб карданд. Дар минтақаи интихоботии мо ду нафар номзадҳои хеле шоистаи халқамон — Қаҳҳор Маҳкамович Маҳкамов ва профессори тиб Исҳоқӣ овоз гирифтанд. Ман аз сидқи дил барои ин касон овоз додам ва аминам барои равнақи мулк ва осоиши халқ ин касон минбаъд ҳам бедареғ хидмат мекунанд. Аммо дар баъзе минтақаҳо касоне номзадии худро пешбарӣ кардаанд, ки дар асл вазифаи худро дуруст саранҷом дода наметавониста, басо корҳоро дӯлоб кардаанд. Тарафдорон ё саҳеҳтар аст, агар бигӯем, ҳамдиёрони ин касон аз сифатҳои онон мегуфтанду мегуфтанд, вале аз нуқсонҳои беҳисоби ин касон касе даҳон намекушод. Халқи мо акнун демократияро меомӯзад. Минбаъд ҷоиз аст, агар аз камбудиҳои ин касон ҳам ошкоро бигӯянд, то ки интихобкунандагон ҳамаро дар тарозуи ақлу инсоф баркашанд ва фирефта нагарданд. Ин амал ҳам дар ҳақи мардумон накӯкорӣ аст. Охир каждумро дида, агар аз он дигаронро огоҳ накунед, дар ҳақи атрофиён хиёнат аст.
Накӯкорӣ мактаб надорад, муаллими хоса ҳам надорад. Накӯкорӣ монанди илму адаб ва тамкину маданияти башарӣ пеш аз ҳама дар сиришти инсон бояд ки махлут бошад. Рӯзгорон пур-пур аз мисолҳои наҷиби накӯкорист, мо дар сари ҳар қадам ба мардуми накӯкор рӯ ба рӯ мешавем. Аммо баъзан накӯкориро надида, пайхас накарда мегузарем. Чунин кӯрдилӣ ҳам гуноҳ аст. Шоир беҳуда нагуфтааст: “Чун бувад дар шаҳри кӯрон зери по оинаҳо...” Ба қадри накӯкорӣ расидан, онро тақдир кардан ҳам дили ҳассос ва дидаи оламбин мехоҳад.
Мегӯянд, ки накӯкории як нафар аз паи худ ҳазорон накӯкориро ба вуҷуд меоварад. Ин хулосаи озмуда аст.
Аммо дар айёми мо, ки даврони инқилоби илмию техникист, ибрати шахс кам аст. Инсони ҷавон аввалбор манзараи диловези табиатро нигариста, “ман рассом меша

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо