Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
НЕКӢ ВА НАКӮКОРӢ
Накӯкорӣ чист? Накӯкорӣ ба ақидаи ман аслан одаму одамгарист. Ашхоси қаллоб, беинсофу бевиҷдон, бахилу нотавонбин накӯкор будан ва накӯкорӣ кардан наметавонанд, зеро некии ин қабил касон ба мардум ҳаргиз холисона нест. Фақат хидмати холисона ба навъи инсон накӯкорӣ ҳисоб меёбад.
Накӯкорӣ аз азал меъёри асосии қимати инсон будаст.
Метавон гуфт, ки кулли осори адабии башар дар тарғиби накӯкорӣ эҷод шудааст. Ман аз осори адибони ҳақиқӣ китоберо ёд надорам, ки ба мардумон бадкирдорию беномусӣ, бевиҷдонию бешармиро ташвиқ мекарда бошад. Бешак, баъзе одамон аз ҳайси гӯлию нодонӣ гоҳе нобакории худро рафтори ҷоиз мешуморанд, сухани ҳақро дар нисбати худ тан намегиранду гӯяндаро ба тӯҳмату бадкирдорӣ муттаҳам кардан мехоҳанд. Чунин касон на фақат дар ҳалқаи одамони дур аз маърифат, балки дар миёни табақаи зиёиён низ кам нестанд. Агар ба таҳқиқ нигаред, чунин касон аслан аз нури маърифат равшание надоранд, хеле кам мутолаа мекунанд, агар илме омӯхтаанд, ба он илм амал надоранд.
Накӯкорӣ ва виҷдони пок ба ҳам тавъаманд. Агар кас виҷдони пок надорад, ӯ фақат дар паи тамаъ, ба умеди манфиате бардоштан ба одамон накӯкорӣ зоҳир мекунаду бас. Накӯкории тамаъкорона оқибат фош мешавад. Агар ин тоифа шахсон ба мансаб расанд, зуд худро фош мекунанд ва симои аслии худро намудор месозанд.
Масали адиби рус Иван Криловро ба ёд оваред: Харе чарида мегашт номаълум, одамон дар куҷо чаридани онро намедиданд. Баъд соҳибаш ба гардани хар зангӯла овехт. Баъди ин ҳама донистанд, ки ин хари баттол номаълум ба полези одамон ворид гашта, харобкорӣ мекардааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо