Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

би бактерия пешрав мегардад. Онро ё бо ҳарорат ва ё ба сардӣ аз ин ҳамлаи фалокатосор нигоҳ доштан метавон.
Ҳоло дар ҳамаи фермаҳо яхдонҳо ҳастанд, аммо аксаран ба кор ношоям ва таъмирталабанд. Боиси ин ҳол аввало набудани чашми соҳиби ғамхор бошад, сониян дар он аст, ки идораи “Сельхозтехника” дар ин боб ҳанӯз вазифаи худро ба дурустӣ ба субут намерасонад.
Чигили кори ферма дар ҳама ҷо кам нест ва онро бо ғайрату ҳиммати ашхоси алоҳида кушодан натавон. Дар ин боб чораҳои ҷиддан ислоҳовар лозиманд.
Ба Қӯзигул-апа ҳам чигилҳои зиёде пеш меоянд, вале устухони вай дар ин шуғл сахт гаштааст, дар молпарварӣ обу гили ӯ шӯрида пухта аст, бинобар он, ҳар як сахтиро бо матонат бартараф мекунад. Модараш як умри тамом говдӯши ферма буд. Қӯзигул-апа аз хурдӣ ба ферма равуо дошт, дар парваришу нигоҳубини мол ба модар дастёрӣ мекард ва аз ин ҳамдастӣ ҳаргиз дилгир набуд.
Ҳамин ки зӯри ангуштонаш ба фишурдани дораҳои пистони модагов расид, ба говдӯшӣ шурӯъ карда буд. Ҳоло аз хонадони пурнуфуси вай ду тан аз писаронаш ва се тан арӯсаш дар ферма ҳамдасти ӯ кор мекунанд.
Аз сӯҳбати Қӯзигул-апа, шогирдони вай Сангиной ва Рисолат, ҳамкорони дигари ӯ чунин мазмун гирифтем, ки дарёи шири 990 тоннагии колхозро боз хеле афзун кардан мумкин аст. Ҳанӯз васила ва чораҳои ба кор нарафта зиёданд.
Оре, дар деҳот имрӯзҳо аз кору бори соли гузашта натиҷа мегиранд, онро мӯ ба мӯ таҳлил мекунанд, сабақи зарурӣ мебардоранд. Дар сари ҳар як деҳқон ва чорводор андешаи чигуна батартибтар, пурмаҳсултар ва хурсандибахш кардани кору амали деҳқонӣ ва молдорӣ аст, ки ин маъниро Қӯзигул-апа изҳор кард:
— Шир маҳсулотест, ки онро асосан ба навъи аъло супоридан лозим. Ин ба бисёр ҷиҳати кори мо алоқаманд аст, пеш аз ҳама ба ростию дурустӣ, ҳалолкорӣ...
Дарвоқеъ, урфан муқаррар аст, ки касби илм ва деҳқониро фирефтан натавон, молдориро ҳам инчунин.

Январи 1985 Панҷакент — Душанбе

пешина
аз 393
навбатӣ