Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

марғзорҳоро то таҳи девори ферма шудгор карда буданд, чӣ миқдор ба ҷамъият талафот овард, ҳеҷ кас ҳисоб накард. Чаро мо фоидаи бардоштаамонро андоза мегирему зарареро, ки кашидаем, ҳаргиз ҳисоб намекунем?..
Балки аз ҳамин сабаб баъзан ба як кулӯхи сари роҳ чандин бор пешпо мехурем, кӣ медонад.
Азбаски ба усули ҳомилаи сунъӣ дар миқьёси мамлакат қариб ҳафтод фоизи модаговон гӯсола оварда, сӣ фоизи мол субайд мемонад, аз ҳар сар модагов солҳои охир пайваста яктогӣ гӯсола гирифтани Қӯзигул-апа маҳорат ва кордонии ҳавасангези ӯро гувоҳ аст. Зимни гуфтугӯ ман аз ӯ савол кардам, ки ба чи тариқ ба ин ноил гашт. Вай шармида, зери лаб хандид, хандааш бамаънӣ ва дилнишин буд. Баъд таноби суханро ҷониби дигар бурд: “Чашми соҳибаш ба мол дору аст”. Дигар ӯро хиҷолат надодам. Аммо сонитар ба ман гуфтанд, ки дар ферма ҳамли сунъӣ не, балки табиӣ ҷорӣ будаст ва гӯсолаҳо ҳам аз пистонак не, балки аз синаи ҳаётбахши модари худ шир мемакидаанд. Чӣ ҷои шубҳа, бе ҳеҷ шаке чашми соҳиб ба мол дору аст ва боз гуфтаанд, ки моли бесоҳиб ҳаром мемирад.
Дарвоқеъ, шир маҳсулоти фавран уфунатгир аст ва он фақат дар пистони мол поку мубарро аст. Ҳоло таҷрибаи бисёр молдорон собит карда ва илми чорвопарварӣ таъйид ва тасдиқ намудааст, ки гӯсолаҳои пистони модарро макида дар нисбати он гӯсолаҳое, ки дастомӯз гашта аз пистонак шир хӯрдаанд, солимтар, бақувваттар, бузургҷуссаву хушзотанд.
Қӯзигул-апа агарчӣ илми чорвопарвариро дар донишкадаҳо наомӯхтааст, ва пайваста огоҳӣ надорад, аммо таҷрибаи рӯзгор ӯро ба роҳи дуруст ва хулосаи саҳеҳ овардааст.
Чун сухан гирди кору амали говдӯшон ва парвариши мол дар ферма аст, мебояд, гуфт, ки ҳанӯз ҳам дар фермаҳои ширдӯшӣ яхдонҳо мунтазам ба кор омил нестанд. Ба ҳеҷ кас пинҳон нест, ки шир баробари аз пистони модагов ба зарф рехтан ба ҳамлаи лашкари беҳисо-

пешина
аз 393
навбатӣ