Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

вам” намегӯяд. Ӯ тасвири кашидаи рассомеро дида “ман рассом мешавам” мегӯяд. Инсон накӯкориро ҳам аз осори илмию адабӣ, аз мисолҳои таърихи халқи худ ва ҳам ба тавассути осори нафиса ибрат мегирад. Хулоса, инсоне, ки китоб намехонад, рафтору атвори худро ба дурустӣ таҳлил кардан наметавонад. Инсони пурмутолиа ҳамеша ҳақгӯй ва ҳақталош, баинсоф ва бавиҷдон аст, аз сангдилию бераҳмӣ, аз дуруштию дағалбозиҳо дур аст.
Баъзе шояд ба ман эътироз кунанд: Фалон олим ё адиб аз чунин сифатҳо бебаҳра аст-ку? Дар миёни олимон ва адибон ҳам ашхоси каммутолаа ва сатҳи маънавию маданиашон хеле паст кам нестанд.
Ман боз як ҷиҳати дигари накӯкориро гуфтан мехоҳам: Одамоне, ки дар бисёр ҷабҳаҳо фидокориҳо карданд, ҷон ба хатар ниҳода ҳангоми сӯхтор ё аз ғарқоб одамонро наҷот додаанд, борҳо дидаам, ки бечораеро аз чанголи тааддӣ ва ноҳақиву беадолатӣ ҳимоя кардан намехоҳанд. Дар назар чунин меояд, ки мо наврасонро ба ҳар навъ фидокориву накӯкориҳо ташвиқ мекунем, вале ба фидокории аз ҳама муҳим, қарзи асосии башарӣ
— мубориза зидди ноҳақию беадолатиҳо, ба ҳимояти бечораю дармондагон бархостанро талқин намекунем.
Масалан, фармонравои бюрократ мушкили якеро ба осонӣ ҳал кардан намехоҳад, саргардон мекунад, баҳонаю сабабҳо пеш меоварад. Ба ҳимояи ин шахси саргардон бархостан ҳам накӯкорӣ аст, зиёда аз он қарзи инсонӣ аст. Онҳоеро, ки худро аз ҳодиса канор мегиранд, ноҳақиро мебинанду нодида меангоранд, боист, ки ҳамчун муросоҷӯёни бевиҷдон ҳадафи маломат кард.
Ин ҳам гуфтанист, ки ҷамъият бояд ки одамони накӯкору ҳимоятгари ростию дурустиро дар ҳама ҷо қадррасӣ кунад. Инсони поквиҷдонро баробари як хабису беномус эҳтиром пазируфтан худ дар нисбати марди ҳақ ноҳақӣ аст, таҳқир аст. Некдилону накӯкоронро, онҳоеро, ки дар паи ростию дурустӣ, инсофу адолат

пешина
аз 393
навбатӣ