Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Ҳусейн, Фотима ва Зӯҳро. Хуб аст, ки имсолҳо ин анъана шикаста гашта ва падару модарони хушзавқ ба фарзандони тавъам номҳои мувофиқ ёфтаанд. Ин ҳам далели маърифати мардум ва боло гирифтани завқи он аст, кӯдакони тавъам номҳои дилчаспу рангин доранд: Ҷамол ва Камол, Ороста ва Пероста, Рудоба ва Судоба, Садаф ва Гавҳар, Шукӯҳ ва Шукуфа, Хуррам ва Хурсанд, Фаррух ва Фаришта, Шаҳбоз ва Шаҳноз.
Доир ба суффикси “ҷон” ва ба ин монанд ҳиссаҳои таркиби номҳои тоҷикӣ солҳои охир фикру ақидаҳо мухталифанд. Аксар бар сари онанд, ки ин ҷузъҳо агарчи ба тарзи навозаш гуфта мешавад, набояд бо ном навишта бошанд. Дарвоқеъ бо номи ҳама “ҷон”, “гул”, “хон”, “моҳ” ва ғайра илова кардан чӣ маънӣ дорад?! Агар ин қабил ҳиссаҳо дар таркиби ном сахт марбут бошанд ва истиснои он ба маънии ном халале оварад, бешак навиштан даркор аст. Аз қабили Шодигул, Рӯзигул, Тозамоҳ. Вале номҳои Раъно, Зеборо агарчи баъзан ба тарзи Раъногул, Зебогул гӯем ҳам, бе “гул” навиштан дуруст аст.
Дар сари интихоби номи фарзанд падару модарон бояд бо ҷиддияти тамом андешанд, ҷустуҷӯ кунанд ва аз шахсони хушсавод, китобхон, маслиҳат бигиранд. Он гоҳ фарзандон ҳамеша аз номи худ мамнун ва дар ин бобат аз падару модар ризоманд хоҳанд буд. Дар ин кор ходимони идораҳои ЗАГС, котибони ҷамоа бояд ба мардум бо маслиҳати худ кӯмак расонанд. Аз ин ваҷҳ дар чунин идораҳо боист, ки фақат шахсони хушсавод ва китобхону бомаърифат ба кор таъин карда шаванд. Идораи ҷамоа ҳаргиз ҷои мардуми кӯрсавод нест.
Айёми охир дар номгузории мардуми мо як саҳви дигаре ҷорӣ мешавад, ки ислоҳи он айни муддаост. Ба духтарон Баҳора, Наврӯза ном мегузоранд, ки ин хатост, ин калимаҳо муаннас, яъне шакли занона надоранд. Ин номҳо ба зан агар нисбат хуранд, бояд, ки Баҳор, Наврӯз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё