Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ё Наврӯзмоҳ бошанд. Чунин номҳои кӯрсаводона имрӯз рӯзафзун аст ва пеши ин дӯлобиро гирифтани аҳли маъни зарур аст.
Роҷеъ ба ном ва номгузориҳо ба унвони идораҳои рӯзномаву маҷалаҳо, радиову телевизион мактубҳои зиёде мерасанд. Мазмун ва талаби ин номаҳо хеле гуногун ва хеле тааммулу андешаи амиқ металабанд, ки мо дар ин гуфтаҳо ба қисме аз он пурсишҳо ҷавоб додаем. Баъзе аз ин номаҳо, аз ростӣ, моро малул месозанд. Масалан:
аз деҳаи Урметани райони Айнӣ рафиқ Қуқанов Мерганбой ба мо чунин навиштааст:
“Ғазалҳои Соиб ба ман хеле маъқуланд. Дар дил орзу доштам, ки агар писардор шавам, номашро Соиб мегузорам. Шояд писари ман ҳам монанди Соиби Табрезӣ ғазалсаро шавад соли 1979 дар оилаи мо писаре ба дунё омад ва орзуи ман ҷомаи амал пӯшид: номи писарамро Соиб гузоштам. Барои шаҳодатномаи писарамро гирифтан ба идораи ҷамоа рафтам. Дар он ҷо ҳангоматалабони бисёре менишастанд. Котиби ҷамоа “Соиб калон шавад” гӯён шаҳодатномаро ба дасти ман дод. Аз ҳозирон саркори колхоз Субҳон Ҳакимов тамасхур карду гуфт: “Ба писарат номи дигар наёфтӣ-чӣ?!” Алббата, дар байни халқ касони ба маънии номҳои тозаи онҳо гӯшношунида сарфаҳм намерафтагӣ ва аз ин ҷиҳат номақбул ҳамеша ҳастанд. Ингуна одамон ба ҳама ашё ва гапу кори нав аз рӯи завқу салиқаи худ, фаҳмиши танги худ баҳо медиҳанд. Агар ин қабил одамон китоб мехонданд ва ё гоҳ-гоҳ дар сӯҳбати аҳли фазл мебуданд, ҳаргиз чунин суханонро ба забон намеоварданд.
Ногуфта намонам, роқими номаи болоӣ рафиқ Қӯқандов низ номи худро ба тарзи ғалат “Мерганд” навиштааст, ки ҳарфи “д” дар охир барзиёд аст.
Умуман, ном ва номгузорӣ аз падару модарон ҷиддият ва масъулияти тамом металабад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё