Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

фақат ба мардуми мо махсусе дорад, ки ин ҷиҳати онро на ҳар кас имтиёз ва инкишоф мекунад.
Гоҳе рафиқон савол мекунанд, ки ба фарзандон ба чӣ тартиб ном гузоранд ва дар ин хусус чӣ шартҳоро риоя бояд кард. Ба фикри банда, номи инсон беҳтар аст ва аз як калимаи фасеҳи якреша иборат бошад: Озод, Ороста, Фаришта, Бунафша... Вале номҳои мураккаби аз ду ва ё зиёда калимот сохтагӣ низ ҷоизанд, ба шарте, ки талафузи он ба кас мушкилӣ наорад, Шаҳрошӯб, Гулчеҳра, Дилором ва ҳамин гуна таркибанд.
Шарти дигар ин ки ном бояд замонавӣ бошад, орзую омоли падару модарро ифода кунад, дилнишин ва фасеҳ бошад. Маҳз, бо ҳамин ният номи писаронро – Умед, Вафо, Номвар, Дидор, Деҳқон мегузоранд ва духтаронро — Шифо, Саломат, Покиза, Нафиса, Сулҳия, Меҳрӣ, Равшан, Баҳор ном мекунанд.
Иддае аз суханшиносон мувофиқат ва ҳамоҳангии номи фарзандро бо номи падари ӯ хостгоранд, ки ин тарзи номгузорӣ ҳам аз қадимулайём дар байни тоҷикон маълум аст. Имрӯз ҳам дар баъзе маҳалҳо Орзу писари Барзуро “Орзуи Барзу” мегӯянд, Мурод писари Ҳаётро “Муроди Ҳаёт” ва ё агар духтар бошад, бозам ба тарзи қофиянок ва мувофиқоҳанг — Хумори Меҳриёр, Шабнами Хуррам, Шукуфаи Маъруф, Шодоби Шодмон ном мекунанд, ки ин тарзи қадими номгузориамонро ба тарзи расмӣ “Мурод Ҳаётович” ва ё “Шодоб Шодмоновна” гӯён идома додан аз безавқӣ ва ҷаҳолат аст.
Имрӯз дар байни тоҷикон ба додару бародарони ҳамзод номҳои ҳамоҳанг додан хеле маъмул аст. Бародарон — Сосон, Сомон, Салмон, хоҳарон — Ситора, Шарора, Нигора ва ғайра. Баъзан ҳамоҳангии ҳиҷои аввали ном ё ҳиҷои охири он ҳам барои ин мақсад мувофиқ аст:
Рухсора, Рухшона, Баҳман, Беҳрӯз.
Аз қадим дар байни мардуми мо номи кӯдаконе, ки тавъам (дугона) ба дунё омадаанд, таъин буд: Ҳасан ва

пешина
аз 393
навбатӣ