Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

маънии онҳо ботаҳаммул, ҷавоби сазовор медод. Нигоҳ дар рӯшноии чароғи мошин даст бардоштагиро дид.
“Одам нагиред, даркор не, чанд сӯм хоҳед, мо медиҳем”,
— гуфтанд дар мошин нишастагиҳо. Дар ин миён аз назди он ҷавони даст бардоштагӣ сад метр барин гузашт.
Хайринисо мошинашро қарор дода гуфт: “Хешам, диданам даркор.” Вай чолок аз мошин фуромада ба истиқболи ҷавони ба сӯи мошини ӯ тохта истода гуфт. “Гӯш кунед, ба куҷо меравед?” “ба беморхона...” — ҷавон дар рӯ ба рӯяш духтари бистсолаи мавзунро дида ҳайрон шуд.
“Ба ман нигаред, номи ман Хайрӣ... шумо шиноси ман...
ман инҳоро бурда монда шуморо мебарам... Хуб?” гуфт вай ҳамроҳи он ҷавон ба сӯи мошин омадаравон. Ҷавон бачаи зирак будаст, матлаби ӯро зуд фаҳмиду гуфт:
“Парво накунед. — Сипас, илова кард: — Номи ман Абдуғаффор...” Тарбузи он се нафар аз бағалашон афтод, аммо ба ин ҳам нигоҳ накарда, вақте ки ба дарвозаи як ҳавлии бекас расиданд, он се нафар дарвозаро кушода Хайринисоро дарун даъват карданду, меҳмон шав, сонӣ меравӣ гуфтанд. Оқибат, диданд, ки чораи дигар нест, гуфтанд, ки ҳаққи мошинро даромада аз хона гирад.
Хайринисо туф карду мошинро газ дода рафт. Абдуғаффорро ба беморхона бурд, дар он ҷо то падари беморашро дида баромадани вай интизор истод, сипас, ӯро ба хонааш бурд. Духтараки ҷасур ва зирак ба Абдуғаффор маъқул шуд. Онҳо боз вохӯрданд... Баъд Абдуғаффор соатҳои дароз дар истгоҳ ба қавли Хайринисо “таксишумурӣ” карда меистодагӣ шуд. Аммо дилбари мошинсавори худро ёфтани ошиқи пиёда осон набуд.
Аз ин боби ҳаёташ сухан ояд, Хайринисо-апа ҳоло табассум карда мегӯяд:
— Аммо як сухан додом рост омад: худи ҷавон маро талабгор бошад ҳам, падару модараш нахостанд. Сонитар розӣ шуданд, аммо шарт монданд: баъди арӯс шуда ба хонаи онҳо омадан мошинрониамро бас кунам. Сонӣ...

пешина
аз 393
навбатӣ