Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
бечора мӯйсафед вафот карданд.
— “Хайрият”, гуфтагистед? — савол кардаму озмоишкорона ба чашми ӯ нигаристам. Аз ҷавобаш ба ин савол хеле сифатҳои инсонии ӯро пай бурдан мумкин буд.
— Не, ин хел нагӯед. Барои хушбахтиам ҳаргиз мусибати каси дигарро намехоҳам... Кошкӣ, зинда мебуданд, бахти писарашонро медиданд... — Сонӣ бепарво гуфт: — Мо ҳисобашро меёфтем. Вақте ки ду дил як шуд, ҳеҷ монеа писанд нест.
Агар аз Хайринисо-апа пурсед, ки касби таксиронӣ чаро ба вай ин қадар маъқул аст, мегӯяд:
— Дар давоми бисту шаш соли корам дар таксӣ чандин маро ба вазифаҳои нағз пешбарӣ карданд, аммо нарафтам. Намехоҳам. Аз ҷавонӣ ҳоҷатбарорӣ кардан, дар хизмати мардум будан, ҳар лаҳза ба одамон як некӣ мехоҳам. Таксӣ маҳз ҳамин хел кор... Доим бо одамон сару кор доред...
Баъд вай ҳикоя кард, ки чӣ хел боре шабона аз назди кӯли Комсомол мегузашт, ногоҳ фарёди имдодхоҳонаи духтареро шунид ва ба ҷониби кӯл нигариста дид, ки духтараке ёриталабон ба сӯи вай метозад. Ҳарчанд, ки дар мошин ҷойи холӣ набуд, ба равандагон амр кард: “Ҷафстар шинед”. Духтаракро ба мошин савор карду аз дасти ду-се нафар ҳамроҳони авбошаш наҷот дод. Ё худ, боре аз кӯча мегузашт, дид, ки дар бинои шафат сӯхтор воқеъ шуда, хомӯш кардаанду ҳоло ду-се нафар дар сари роҳ ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” нигаронанд. “Чӣ гап шуд?” — наздик омада, мошинаро рост ба тарафи бино ронду амр кард: “Зуд бароред!” Ӯ кӯдаки маҷрӯҳро фавран ба беморхона расонд...
Ронандаи Хизматнишондодаи республика Хайринисо Турсунова зани фурӯтан ва хушсӯҳбат аст, дар бораи ҳамкоронаш бисёр суханони шуниданӣ гуфт, аммо дар ин ҷо овардани ҳамаи он суханон ӯро зарурат нест. Аз бобати кори худаш агар мепурсидам, мухтасар мегуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё