Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
кас дар дунё кори зебандаи худашро кунад. Ин хел бемаҳал овора гаштан ба духтар намезебад. Ба кори фабрик рав, чеварӣ кун, дар магазин кор кунӣ ҳам, дарди бахайр... Дар миёни шоферҳо!.. Мо ҳам мехоҳем аз дарамон хостгор дарояд...” “Чӣ, магар ба ман хостгор намеояд?”
— густохона савол мекард Хайринисои ҳаждаҳсола. “Ин хел арӯси сару рӯяш мазуту исту бисташ бӯи бензин ба кӣ даркор?! Аз ту бӯи бензин не, бӯи атру упо ояд-дия...” Хайринисо механдиду мегуфт: “Парво накунед, ҳар гулеро як харидорест дар бозори ҳусн! Ба бӯи бензин ҳам хушдор будагист. Агар хушдор набошад ҳам, ман баъд аз ин коре мекунам, ки хушдор шавад”. “Ягон ҷавон туро хуш кунад ҳам, падару модараш арӯси мошин мерондагию шабу нимшаб кор мекардагиро намехоҳанд.
Нағзаш, сари вақт аст, ягон касбу кори дигарро ёд гир...” Замон, давр ба истиқболи Хайринисо меомад. Ӯ дар бисту ду солагӣ ба сари рули таксӣ нишаст. Хешовандон боз шадидтар эътироз карданд:
— Ҳаминаш монда буд... Ту духтарӣ ё дигар бало?
А?.. Дар куҷо шунидӣ, ки духтар таксӣ ронад? Э, тавба...
— Ойгул Муҳаммадҷонова нуздаҳсола будааст, самолёти ҷангиро мерондаст. Боз фашистҳо катӣ дар ҳаво ҷанг кардагӣ. Э, шумо гаштед-дия!.. — базлагӯӣ мекард вай ба гапи хурду калон. — Ғам нахуред. Ман бешавҳар намемонам... Худам меёбам...
Дар ҳақиқат, Хайринисо ҳамсари ҳаёташро дар сари фармони таксӣ ёфт, шинохт, дӯст дошт. Воқеаи шиносоии вай бо ҳамсари ояндааш ба ин тариқа сурат ёфт: шабе се нафар мардони ширакайф ба мошини Хайринисо нишастанду аввал гуфтанд, ки ба бозори Шоҳмансур бар. Дар роҳ қарори онҳо дигар шуд: гуфтанд, ки аввал онҳоро ба ҷои дигар, ба хонаи яке аз он ҳамсафарон барад. Гуфтору кирдори ин одамон ба Хайринисо шубҳанок намуд. Духтараки зирак аз авбошон ва пулмастони шаҳр будани инҳоро ҳис карду ба саволҳои бе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё