Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
кайф карда харбуза хуру дам гир. Ин хел, ман аз осиё биёму ту дӯл холӣ гуфтан гирӣ, ба кори мо зарба мешавад.
— Қадре андеша карда гап занед, раис. Ман имрӯз ба ин ҷо наомадаам. Аз рӯзи аввали муҳоҷирӣ дар ҳамин деҳаам, байни халқ зиндагӣ мекунам. Ман ҳам ба андозае ин мардумро мешиносам. Ба ин ҳол муросо кардан мумкин не. Халқ шуморо ба ин ният интихоб накардаст.
— Гап дигар аст, кор дигар, додар. Гапҳои ҳавоӣ мезанӣ. Каллаат бо хаёлҳои беҳуда пур шудаст... Ё... ё...
раис шудан мехоҳӣ? А?
Азизов қариб буд, ки дарро тараққос зада пӯшида бадар равад. Рангаш парид, пешониаш арақ кард. Аз сабӯи рӯи миз ба стакан об рехту хӯрду ба курсӣ нишаста, андешид.
— Хайр, биёед, дурусттар фикр кунем. Ба фикратон, сабаби асосии ақибмонӣ ва камбағалии колхози “Комсомол” чист? — Азизов саволеро, ки кайҳо боз дилашро мехарошид, ба пеши раис кӯндаланг партофт.
— Намедонам, додар, акнун худат ин гиреҳро тафтиш карда накушоӣ, зӯри мо нарасид, — боз киноя сар кард раис. — Аз мо пеш ҳам ин колхоз чор раисро дид, онҳо ҳам фаҳмида натавонистанд... Як кас баланд, як кас паст, панҷ ангушт баробар намешавад-ку!
Равшан буд, ки раис дар ин бора кушоду равшан гуфтугӯ кардан намехоҳад ё худ ингуна гуфтугузор ба дилаш задаст. Аммо Азизов дар саволи худ истодагарӣ кард.
— Гӯш кунед, — ором намешуд ӯ, — бо колхозҳои ба номи Жданов ва Ленин замину обамон як аст, халқ як аст, дар як деҳкада истиқомат мекунанд. Пас сабаб чист, ки колхози “Комсомол” ягон бор планашро иҷро накардаасту онҳо ҳамеша пешқадам. Хӯш, ба фикратон айб дар куҷо?
— Намедонам, додар, намедонам. Худат як аниқ кун, мо ҳам фаҳмему баъд ба ҳамон нигариста кор кунем,
— боз киноя кард раис.
Аммо Азизов ба кинояи ӯ эътибор надод, фаҳмад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё