Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
ҳам, худро ба нофаҳмӣ зада, гуфтугӯро давом дод.
— Шумо надонед, ман медонам, дигарон медонанд, раис...
Бобоев гӯё ҳушёр гашт. Ӯ бо як ҳисси ба кас номаълум балки аз ваҷоҳати ҳамсӯҳбаташ пай бурд, ки ӯ чӣ гуфтанист. Балки раис хост ҷаҳли худро нишон дода, ин ҷавони маҳмадоноро аз гуфтани он сухан боздоштанӣ шуд. Раис хуб медонист, ки дар ғайби ӯ ин суханро хурду калон мегӯянд, аммо ба касрати зӯъмӣ ба он тан додан намехост, ки имрӯз ба рӯяш гӯянд.
— Хайр, ба чӣ хулоса омадед, канӣ фаҳмем. Хулосадон бисёр, шуд, насиҳатгӯӣ бисёр шуд... — ғур-ғур кард раис.
— Хулосаам ҳамин ки... Ҳама айб дар ташкили кор.
— Азизов мақсадашро хеле мулоим карда гуфт, то ки якбора раисро шӯр наорад.
Аммо раис мағзи ин суханонро дуруст мулоҳиза накард.
— Шуморо барои ёрӣ фиристондаанд, ана ташкил кунед, охир. Мо бинем, ёд гирем. Гап кати, ташвиқот кати дигар ин одамонро кор фармуда намешавад.
— Ташкили кор аз аввал вайрон. Ислоҳи он осон не.
Шумоён боварии халқро гум кардаед. Агар гапро пӯст канда гӯям, ҳама айб дар роҳбарони колхоз аст. Имрӯз бо ин усул раҳбарӣ карда намешавад.
Баъд аз ин суханон байни Солеҳ Бобоев ва вакили ноҳия Азизов гуфтугузори сахте ба вуқӯъ пайваст, ки онро аҳли деҳа шунида, ба тарзи худ “тую ман” кардаанд, гуфтанду монданд. Аммо “тую ман”-и онҳо дар ҳамин ҷо намонд. Раис аз ёрии Азизов даст кашида, таҳдидкорона гуфт, ки дар масъалаи ӯ ба худи котиби райком гапзанон мекунад. Мақсади ёрӣ раҳбарони колхозро беобрӯй кардан набудагист-ку!
Азизов бо табъи хира аз колхоз баромада рафт. Ӯ аз таҳдиди раис, ҳатто агар шикоят кунад, аз шикояти вай парвое надошт. Хуб медонист, ки дар боло матлаби ӯро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё