Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
сари халқ бор карда, дар назари сарварони ноҳия меҳнати худро дар ислоҳи ин колхоз бесамар нишон диҳанд. Азизов масъаларо бо муҳокимаи аъзоёни правления гузошта, талаб кард, ки чораи ҳар чи зудтар барҳам додани ин ҳолро андешанд.
— Шуморо ба ин ҷо фиристодаанд, ки ба мо ёрӣ диҳед, — бо киноя, балки бо ситеза бо як оҳанги нописандона ҷавоб дод раиси ҳамон вақтаи колхоз Солеҳ Бобоев. — Канӣ, бинем, ин саҳар худатон сар шуда, колхозчиҳоро дар соати ҳашт ба кор бароред! Ана, баъд аз шумо ибрат гирифта, мо ҳам кӯшиш мекунем.
— Ҳар чӣ гӯеду нагӯед, ин корҳоро кардан даркор.
Дар ҷое, ки интизоми меҳнат суст аст, роҳбарон беғайратанд — комёбӣ нест ва умедвор ҳам нашавед, — гуфт Азизов муросокорона.
Ӯ ҳис мекард, ки раиси колхоз Солеҳ Бобоев маҳз барои ҷавониаш ва фарзанди ҳамин деҳа буданаш ба ӯ, ба намояндаи комитети партиявии район инқадар нописандӣ мекунад. Агар ҳамин таклифро ягон роҳбари бонуфузтари район пеш гузорад, ҳамон лаҳза барои иҷрои он сафарбарӣ эълон карда, “ана ақлу ана тадбир, қурбони одами доно шавед, ки кам аст”, гӯён таърифу тавсифаш ҳам мекарданд. Ҳа, ҳамдиёрони мо ба чи гуфтани ту коре надоранд, менигаранд, ки ту худ кистӣ. Чӯҷаи дирӯз аз тухм баромада, имрӯз омадаст, ки ба мо гапу кор ёд диҳад, мегӯянд. Аз тарафи дигар, беэътиноиашон ҳам бесабаб не, ман чӣ кореро ба сомон расондаам? Ҳеҷ...
Вақте ки раис бори дигар колхозчиҳоро дар соати ҳашт ба кор бароварданро ба зиммаи ӯ гузоштанӣ шуд, Азизов дигар тоқат карда натавонисту гуфт:
— Маро ба ин мақсад нафиристодаанд, ки хона ба хона гашта, колхозчиҳоро ба кор барорам. Ба фикрам, шумо вазифаи маро мефаҳмед, ако...
— Бародар, як гап гӯям хафа нашав. Ба саҳро баро, харбузаву тарбуз пухтагӣ, ягон ҷои салқину серсояро ёбу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё