Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
мавҷудияти худ, яъне аз соли 1956 то соли 1962 рӯи панҷ раисро дидаст. Мисли он, ки дарахт ҳар соле дар танаи худ як ҳалқаи дигар меафзояд, ин колхози бебарор ҳам ҳар сол як раиси нав меёфт, аммо боз бо ҳамон дегу боз ҳамон кафлес мемонд. Рост мегӯянд, ки колхози хароб осиёби вайронро мемонад. Мардум ба кори колхоз дилсард гашта, аксар ба машғулиятҳои бечораҳолии худ овора мешуданд. Дар кори колхоз интизом футур рафта, ба тавфиқи кору бори он ҳеҷ касро боварӣ набуд.
Фаъолони ҳамон вақтаи колхоз ба хотир меоранд, ки чигуна аз райком супориш шуд, ки дар сари роҳи калон, болои канал чойхонаи сурх созанд. Аммо барои чойхонасозӣ колхоз пул надошт. Пас аз даву ғеҷи зиёде диданд, ки чойхонаро насохтан намешавад, раҳбарони колхоз аз колхози ба номи “Куйбышев” даҳ ҳазор сӯмро қарз карда, онро сохта буданд. Даҳ ҳазор сӯм! Барои колхози имрӯзаи “Комсомол” чи пул аст он!
Агар назар карда бинед, ки имрӯз колхоз якбора ҳам ҳаммоми мӯҳташами дар тамоми район беназир, ҳам парки бузурги мошину трактор, ҳам анбори равған ва даҳҳо иншоотҳои хурду калони дигар сохта истодааст, тасаввур карда метавонед, ки “тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо”.
Соли 1962 райком инструктори ҷавон Азизовро барои ёрӣ ба колхоз фиристод. Ӯ колхозро давр зада, бо кору бори колхозчиён шиносо шуд, камбудӣ ва муваффақиятҳоро қайд кард, барои ислоҳи кор ба раҳбарон кӯмак расониданӣ шуд. Аммо дилсардии колхозчиён ба кор, беинтизомӣ ва сарам-дилам кор кардани баъзеҳо ӯро пайваста ба ташвиш меовард. Субҳи барвақт ӯ дар бошишгоҳи ин ё он бригада ҳозир мегашт, аммо аз колхозчиён дарак набуд. Колхозчиён ягон-ягон ба чоштгоҳи калон ба сари кор расида меомаданд. Он ҳам фақат занҳо. Мардҳо аксар бо кору бори хоҷагии шахсии худ ё бозоргардӣ овора буданд. Охир кӣ муфт кор кардан мехоҳад?!
Кӯшиши раҳбарон бар он буд, ки ҳама гуноҳро ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё