Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

шта шудааст. Ба фикрам, хонандаи соҳибтаҷриба аз он қонеъ хоҳад гашт, бинобар он, баъди интишори он қисса дар маҷаллаи “Садои Шарқ” хонандагон бетоқатона китоб шудани онро интизорӣ кашиданд. Инак, порча аз мактуби як нафар хонанда аз шаҳри Кӯлоб: (айнан).
“…Ҳар як донишҷӯ баъди хонда шудани повест ба фикру андеша ғӯта мезанад. Мақсад аз ин мактуби ман он аст, ки чаро дар давоми як солу ду моҳ повест дар шакли китоби алоҳида чоп нашуд, донистан мехостам…” Доир ба повести “Рухсора” ман аз хонандагон мактуби зиёд гирифтам. Аз мамлакатҳои хориҷӣ, ҳатто аз китобхонаи конгресси ШМА талабнома гирифтам. Вале мактуби хонандагони оддӣ, деҳқону донишҷӯ, муаллиму коргар, инженеру духтурон барои ман аз ҳама азиз аст ва ният дорам ягон рӯз аз навиштаҳои онон китобе мураттаб созам. Китоб аз номаҳои хонандагон!
Чун сухан аз номаҳои хонандагон рафт, аз мактуби як гурӯҳ духтарони райони Совет нақл кардан мехоҳам, зеро онҳо бо ман сари баҳс доранд. Раҷабгул Раҳимова ва дугонаҳояш навиштаанд:
“…Повести “Рухсора” хонандагонро беандоза хурсанд кард. Ба фикри мо шумо ғалабаи ишқро ба ҷаҳолат, нодонӣ, урфу одатҳои кӯҳна дар повест дақиқ ва устокорона ба қалам додаед. Вале… на духтар ва на писар дар асар иродаи қавӣ надоранд… тақдирашонро худашон ҳал накарда, ба кадом як тақдирҷунбон нигоҳ карда меистанд…” Нақли мактуби онҳоро дар ин ҷо қатъ карда, мехоҳам ба ин эрод ҷавоб гӯям: қаҳрамонони повест чандон беирода нестанд. Агар сустирода мебуданд, аз ин қадар сахтӣ ва нобарориҳо ноумед гашта, аз баҳри ин савдо мегузаштанд. Иродаи онҳо намоишкорона зоҳир наёфтааст, ба монанди ҳамаи ҷавонони фурӯтан ва сидқӣ орому пуртамкинанд, зоҳиран хомӯш, вале дили пуртуғён

пешина
аз 393
навбатӣ