Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хонд: — “Ҷавони хушандом, лабонаш ҳамеша ба табассум моил, дар ҳузури калонсолон ҳамеша дасташ ба сина
— боодоб…” Ин тавр намешавад, — ҳукм кард муаллим”. Ман оҳиста эътироз кардам: “Агар риёкориаш дар авзояш аён бошад, вай мардумро фирефта наметавонист”. Вале дар даъвои худ устувор набудам. Сонитар донистам, ки ингуна усул дар адабиёт маълум будаст ва онро “вобастагии акс” мегуфтаанд. Вале дар он айём бо ситеза дастгоҳи нависандагиро бастам. Баъди он ки ду китоби шеърам чоп шуд, шавқи ҳикоянависиам боз маро беқарор кард. Ин дафъа устодони мӯътабари ман Фазлиддин Муҳаммадиев ва Муҳаммадҷон Шукуров бо сабру тоқати зиёд нуқсонҳои маро ислоҳ мекарданд, ба ман дарси нависандагӣ медоданд. Оқибат, рӯзе Фазлиддин Муҳаммадиев баъди хондани дастнависи як ҳикояи ман ба идораи журнали “Садои Шарқ” омада, маро табрик карданд ва гуфтанд, ки бо ин ҳикоя ман расман ба сафи нависандагон даромадам. Ин воқеа соли 1971 буд ва он ҳикоя “Бобо” ном дошт.
Мухбир: Дар хусуси повести “Рухсора” ҳам хонандагон ва ҳам мунаққидон фикру ақидаи гуногун доранд. Гурӯҳе мегӯянд, ки ин қисса қисман аз саргузашти худи шумо аст. Дар ин хусус чӣ мегӯед ?
Адиб: Баъзе адибон мегӯянд, ки саргузашти худро ҳаргиз навишта наметавонанд, воқеаи ба он монандро менависанд. Баъзе баръакс, саргузашти худро ҳамеша бо иштиёқ менависанд ва аз фошофош баён кардани он намеҳаросанд. Ман бештар ба гурӯҳи дуюм тааллуқмандам. Аммо танҳо саргузашти як нафар инсон, бе обу ранги тахайюл ҳаргиз асари бадеъ нахоҳад шуд.
Биёем ба сари қиссаи “Рухсора”. Он фақат қиссаи ошиқона нест, балки дар он масъалаҳои гуногуни ахлоқ, маърифат, коргузорӣ дар бобати усули таълим, одату анъана, муҳофизати муҳит ба муҳокимаи хонанда гузо-

пешина
аз 393
навбатӣ