Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
доранд. Рухсора дар аввал андаке дудилагӣ дошт, вале дар охир тамом дигар шуд. Дар ҳаёт ҳамаи духтарон ба як меъёр фаъолу ҳақталош ва раҳбалад нестанд-ку! Рухсора духтари шармин, вазнин, мулоҳизакор аст.
Раҷабгул Раҳимова ва дугонаҳояш дар номаи худ пурсидаанд: “…оё ин асарро давом додан мункин аст?” Қаҳрамонони ман зиндаю саломат, ҳаёти онҳо ҳанӯз дар пеш аст. Бинобар он, қиссаи муҳаббати онҳоро идома додан мумкин, вале ман алҳол нияти ба ин мавзӯъ баргаштанро надорам.
Духтарон дар охир навиштаанд:
“…Маълуми мо нагашт, ки повест фикри хаёлии нависанда аст ё воқеаи ҳақиқӣ?” Бо ин савол дар оғози сӯҳбат ҷавоб додам.
Мухбир: Соли гузашта дар шумораҳои 5-6-уми маҷаллаи “Садои Шарқ” повести дигари шумо “Ту танҳо не” чоп шуд. Мавзӯъ ва материали ин қиссаро хонандагон аз шумо чашмдошт набуданд. Зеро шумо шахси аз илми маъданшиносӣ ва кори маъданҷӯён дур ҳастед. Повест дар бригадаи маъданҷӯён рӯй дода, қаҳрамони шумо кӯҳкану геологҳоянд.
Адиб: Ин қисса ҳам саргузашти воқеӣ аст. Тирамоҳи соли 1975 ман ҳамроҳи як дастаи маъданҷӯён ба кӯҳҳои Тавилдара, соҳилҳои рӯди Оби Хингов, то наздикиҳои пиряхи Гармо рафта будем. Ба ман муяссар шуд, ҳамкоронам дар асл кию чӣ буданамро надонанд. Агар нависанда буданамро медонистанд, ман хеле чизро бой медодам. Ин қисса аз таъсироти ҳамин ҳамкорӣ. Албатта бе тайёрӣ, илми геологияро наомӯхта танҳо аз материали зиндагӣ образҳои каму беш мукаммал ва асари ҷиддӣ офаридан амри муҳол аст.
Қаҳрамонони асосии ин қисса ҷавони аз конкурси Институти тиббӣ нагузашта, дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон истодааст. Ҳар сол ҳазорон ҷавонон ба ин ҳол дучор ме-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё