Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Кадомин адиби беҳунар дар рӯбарӯяш адиби асилро беҳасад нигаристан метавонад?!
Баъди вафоти устоди шодравон Мирзои Турсунзода шумораи аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз
70 нафар ба 180 нафар расидаст! Аз 110 нафаре, ки баъди даврони устоди мӯътабар ба ИН омадаанд, агар даҳпонздаҳ нафаре бошанд, ки имрӯз бори адабиётро ба дӯш гирифтаанд, шукр мегуфтем. Баъзе касонеро ба узвияти ИН қабул карданд, ки барои китобашон ним саҳифа тавзеҳнома навишта наметавонанд, аз қоидаи имло ва аломатҳои китобат сирфан огоҳӣ надоранд, “дар ҷои мо бенуқтаю вергул менависонанд!” мегӯянд. Хеле аз аъзои Иттифоқи журналистон, нафақахӯрон, хулласи калом, ҳар касе, ки даст ёфту воситае пайдо кард, ба узвияти ИН қабул шуд. Аммо аз қалами онон адабиёт не, макулатура бурд мекунад.
Ҳолдонҳо мегӯянд, ки мақсад аз ин гуна қабули оммавӣ дар анҷуманҳо овозгирӣ аст.
Ба ҳамин минвол он рӯҳи маҳалгироие, ки дар замони Турсунзода пинҳон-пинҳон шарора мезад, имрӯз ба сӯхтори азиме мубаддал гаштааст. Ин ҳама нависандасозиҳо, гурӯҳбандиҳо, нафрату адоват парваридан ба мардумони маҳалҳои дигар шарораҳои ҳамин оташи хонасӯзанд.
Ин табақабандӣ ва гурӯҳбозӣ аслан аз инстинкти ҳайвонӣ бармеояд: ҳайвонот фақат бо ҳамҷинсу ҳамхунони худ қаробат меҷӯяду инсони мутамаддин баръакс, аз рӯи ҳамфикрӣ ва ҳамақидагӣ.
Аз мардони фозил ва ҳунарвар то имрӯз маҳалгироеро надидаам, ки надидаам. Шодравон Фазлиддин Муҳаммадиев аз мардуми ҳар гӯшае дӯстону шогирдон доштанд, вале камтар аз ҳама аз қаламрави Самарқанд. Боре аз ин хусус ба ман гуфтанд: “Баҳромҷон, медонед, ки ман ба ҳамдиёрони худ ҳеҷ таваҷҷӯҳи махсус надорам, вале

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё