Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Болта Ортиқов истисно. Бо ин кас ҷӯрагӣ дорам. Болтабой песачае навиштаанд, хоҳишмандам кӯмак кунед”.
Оре, имрӯз ҳама ёд доранд, ки шогирдону дӯстони он кас яке аз Кӯлобу дигаре аз Хуҷанд, сеюмин аз Бадахшону чаҳорумӣ аз Вахш буд.
Хуб, охируламр чи мешавад? Мо аз куҷо ба куҷо меравем, ҳеҷ фикр мекунед? Мабодо ки рӯзе расаду ин адоватпарвариҳо ба ҷангу ҷидол сабаб гардад...
Маънии “адиб” дар луғат устод, мураббӣ, адабомӯз аст. Магар шахси худхоҳу беинсоф ба халқ адаб омӯхтан, раҳнамо будан метавонад? Мардумро монанди худаш бадбахту ситорасӯхта мекунад.
Зиёиён ва зимнан бахше аз адибони мо, хоса мансабталошони ин даргоҳ мардумро ба шимолию ҷанубӣ табақабандӣ мекунанд... Мардуми шимол ҳам ин ҳолро пай бурда, чораҳо меандешанд. Чанд бор гӯшам шунид, ки баъзе аз мардуми вилояти Хуҷанд таҳигӯшӣ мегуфтанд:
“Агар мо мустақил шавем ё ба ҳайати Ӯзбекистон чун ҷумҳурияти автономӣ дохил шавем, хеле бурд мекунем!” Дар ин вилоят як миллиону ҳаштсад ҳазор аҳолӣ зиндагӣ доранд, қариб 280 ҳазор тонна пахта мегиранд, мевазорони обод, конҳои маъдан, саноати замонавӣ доранд. Алббата, ҳолашон беҳтар мешавад, вале он гоҳ Тоҷикистон чӣ мешавад? Наход ки мо — тоҷикон дар воқеъ истеъдоди ҳукумат кардан ва мамлакатдориро надошта бошем?
Ана, адибони мо мардумро ба куҷо мебаранд! Ман муболиға намекунам, агар тафриқаандозӣ барҳам нахӯрад, рӯзе мерасаду Тоҷикистон ногузир тақсим мешавад.
Баъзе касон аллакай “мо умумияти таърихӣ, забонӣ ва маънавӣ надорем” мегӯянд...
Акнун чанде аз андешаҳои худро доир ба ҷараёни адабӣ ва коргузорӣ дар ИН Тоҷикистон гуфтаниам.
Ман бист сол боз узви Иттифоқи нависандагонам.

пешина
аз 393
навбатӣ