Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
МАТНИ СУХАНРОНӢ ДАР АНҶУМАНИ
Х АДИБОНИ ТОҶИКИСТОН
22 АПРЕЛИ СОЛИ 1991
Ин ҳам хушбахтист, ки имрӯз мо фошофош иқрор мекунем, ки сохти давлатдории мо, идеологияи ҳукмрони мо солҳои тӯлонӣ истеъдоду ҳунар, шахсияти табииву тозаназар ва гузашта аз он, ростию дурустӣ ва фошгӯиро намепарварид. Дареғ мегӯям ба он адибони номуроде, ки аз чунин замон дараке нашунида бо зиндагӣ падруд намуданд.
Имрӯз дар мамлакати мо бӯҳрони шадид ва мӯҳлике дар хурӯш аст. Боист, ки адибони мо овози таъсирноки худро баланд кунанд ва мардумро аз шилкоби дурӯғу дағо, умедвориҳои пуч, фиребҳои кӯҳнаву нав берун кашанд. Дареғ мегӯям, ки ҳанӯз ҳам бахше аз адибони маърифаташон хеле ноқис ва каммутолиа аз қайди он догмаҳо берун омадан наметавонанд. Як зумраи дигар — афроди нопойдоре ба хотири мансабе, мошине, хонае ва ё имтиёзоти дигар тӯтивор ба мардум шиорҳои замони сталинӣ ва брежневиро талқин мекунанд. Ба ин одамакони хомтамаъ раҳми кас меояд, дили ман месӯзад. Ва ҳеҷ аҷаб нест, ки онҳо ҳам ба ҳоли мо барин адибони гушнадалер раҳмашон ояд. Аз ин ваҷҳ адибони асил чандон ғусса намехуранд, зеро ҳазор сол муқаддам шоир огоҳӣ додааст:
Донишу хостааст наргису гул, Ки ба як ҷой нашкуфанд бо ҳам.
Ҳар киро дониш аст, хоста нест, В-он киро хостааст, дониш кам.
Асоси адабиёт ҳунар ва истеъдод аст. Афроди беистеъдоде, ки ба сари ин дастархон меоянд, фақат андешаи он доранд, ки луқмаи бузургтаре бигиранд. Ин тоифа ба равнақи адабиёти асил сахт монеъ мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё