Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

тур меравад. Дигар илоҷ не. Айёми ростию дурустӣ мерасад, романи шуморо нашр мекунанд, тақдир менамоянд...
Ман ин қабил суханонро мегуфтаму акаи Ҷумъабой табассум мекард. Табассумаш дардолуд буд. Сипас ба ангуштарини дар ангушти дасти чапи ман буда ишора карду гуфт:
— Медонед, чаро аз қадимулайём мардуми Машриқзамин ангуштаринро ба ангушти дасти чап мегузаронанд? Барои беҳунариаш. Бале, нишони беҳунарӣ!
Дасти рост кор мекунад, ҳунаре дорад, ба он ҳаргиз ангуштарин даркор нест. Аз ҳамин сабаб ман чунин ҳавасҳоро барвақт дар дилам куштам. Агар дар дили кас ҳаваси ордену ҷоиза бошад, ҳисси эҷодкории комил гум мешавад. Барои ҷоиза чоплусию косалесӣ кардан лозим, вагарна ҷоизабахшон ҳаргиз шуморо дастгирӣ намекунанд... — Ӯ лаҳзае хомӯш монду сипас гуфт: — Айнӣ хоҳӣ ҷоиза дорад, — хоҳӣ надорад Айнист...
Сӯҳбати мо он рӯз хеле тӯл кашид. Акаи Ҷумъабой баъзе хотироташро аз олиҳимматии марҳум Деҳотӣ гуфт, аз рафтору кирдори ноҷавонмардонаи баъзе аз адибони айём, аз пасттинатии онон тоза ба тоза воқеаҳоро ҳикоят кард.
Байни соати чору панҷ ман бо ӯ хушбошӣ кардаму ба хона омадам.
Аз миён ду соат гузашта буд ё не, ба ман занг зада хабари шуми ҳалоки ӯро гуфтанд.
Бюрократҳо, адибони беҳунар, мансабхоҳони риёкор ӯро ба ҳалокат расонданд. Рӯзе мерасаду таърих ҳамаро ном ба ном, ҷо ба ҷо хоҳад гузошт.
Романи ӯ “Гузашти айём” аз зери теғи бюрократҳои ҷоҳил гузашта имрӯз дастраси мардуми диёри азизи адиб гаштааст.
Кӯрдилони вақт агарчи қадри адиб ва мақоми осори ӯро надонистанд, ман аминам, таърихи адаби тоҷик мақоми ӯро дар радаи фарзандони ҳунарвари худ таъин хоҳад кард. 1990

пешина
аз 393
навбатӣ