Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мор зиён мерасонад, аз инчунин муҳаррир адибтарошони беҳунар безоранд. Аз ин аст, ки баъзе рафиқоне, ки дар китобашон басо моли дигарон ҳаст, тақлиди хому суханбофиҳои пуч фаровон аст, эҷоди худро дар ин оина дидан намехоҳанд ва муҳаррире меҷӯянд, ки ҳамчун як нафар мусаҳҳеҳ фақат нуқтаю вергули дастнависашонро ҷо ба ҷо гузоранду ба чопаш имзо кунад.
Аммо Гулчеҳра-ойтӣ ҳамеша аз мудири шӯъба, ҳатто гузашта аз он, аз директори нашриёт хоҳиш мекунад, то китобашро ба муҳаррири корозмудае супоранд.
Айёме, ки ман мусаввадаи китоби ӯро “ҳиҷҷакунон” хонда, дар сари ҳар як сатр гаштаю-баргашта меандешидам, аз чандин ҷиҳат онро месанҷидам, мудири шӯъба маро ба шитоб андохта, зудбош мегуфт:
— Охир, китоби Гулчеҳраро ҳамту хонеду диҳед…
Лауреат, кайҳо эътироф гашта, синнашон ҳам, таҷрибаашон ҳам…
— “Қабо гар ҳарир асту в-ар парниён, ба ночор ҳашваш бувад дар миён”, — мегуфтам ман аз сари ҳазл ва ҳамроҳи муаллифи китоб Гулчеҳра-ойтӣ ҳар як шеърро сахту шадид аз имтиҳони ҳафтҷӯши якдигарӣ мегузарондем.
Адиби соҳибҳунар қабл аз ҳама дар назди виҷдони худ, гузашта аз он дар рӯ ба рӯи халқи азизи худ бори масъулиятмандӣ мекашад. Гулчеҳра-ойтӣ маҳз аз зумраи чунин сухангӯёни нодири даврон аст.
Китобҳои шоира ба монанди китоби баъзе шоирони ҳарзаталош дар рафи дӯконҳо рангзардӣ намекашад — хонандагон ҳамеша ташнаи шеърҳои самимии ӯянд.
Пурхаридорӣ худ далел бар он аст, ки осори шоираро хонандагон чун раҳоварди сидқу сафо ба некӣ пазируфтаанд.

пешина
аз 393
навбатӣ