Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
Дилу ҷонам меояд.
Равам, кӯрпача орам,
Болишти қу гузорам.
Чояки гарм биёрам,
Нонаки нарм биёрам.
Бибиҷона шинонам,
Хафа шудан намонам.
Бибиҷони хушрӯям.
Бибеки қиссагӯям.
Дар воқеъ ҳам, дар ин шеър, ки аз самимият ва ҳарорат моломол аст, ҳама чиз ҷо ба ҷо, маънӣ — борику хотирнишин, лафз — рехтаву пухта, ҷузъиёти рӯзгори тоҷикон аз рӯи завқи баланд баргузида. Ин чунин шеър аз камоли истеъдод муждарасон аст.
Мегӯянд, ки агар табиат ба инсон ҳунар ва истеъдоди ҳақиқии эҷодкориро додааст, сипас ӯро ногузир аз ҳунари корсозию тамаллуқ ва дурӯғу дағо маҳрум месозад. Агар шахси соҳибҳунар ба каззобию бухлу ҳасад даровезад, пайдост, ки чашмаи истеъдоди ӯ хушкида, сабзаи боғи ҳунари ӯро хазон расида аст.
Табиат ба Гулчеҳра-ойтӣ табъи шеър додааст, — чун чашмаи хурӯшон ва диле додааст — лабрези сидқу ростию дурустишиор. Виҷдони покиза ҳам ба монанди ҳарорати тан ва ё зарбаҳои набз андозасанҷ аст, вале ин меъёри солимии маънавии инсонро нишон медиҳад. Ба ҳеҷ кас пинҳон нест, ки росткорию дурустқавлӣ дар замони мо баробари истеъдоди асил аз сифатҳои нодири шахси эҷодкор аст.
Ман дар тӯли чандинсола ҳамкорию ҳамфикриҳо басо озмудаам, ки Гулчеҳра-ойтӣ чи гуна осону равон шеър мегӯяд ва сатрҳои лангони дигаронро чи гуна саҳлакак, чунон ки мегӯем, бо нӯги қалам тасҳеҳу такмил дода, ба ифоқа меоварад, бо чашмони худ дидаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё