Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа
бошад, қиёс кардан метавон аз ҳазору дусад саҳифаи он чи миқдор калимоти зарурӣ афтода аст.
Бешак луғат фақат аз нуқсон иборат нест, моддаҳои таърифбоб дар он бисёр аст, вале чунон ки мегӯянд, таъриф барои фотеҳ танбон намешавад, вагарна метавон аз моддаҳои возеҳу саҳеҳ намунаҳо овард.
Бе ҳеҷ шаке, таъна аз кас хуш набошад, гарчи ширингӯ бувад, аммо умедвории дуру дарози аҳли маърифат ба ин луғот ҳаққу ҳуқуқ медиҳад, ки ҳоло аз мураттибону муҳаррирони он гилагузор бошем. Хоса, дар ин айёме, ки мардуми мамлакати мо зидди хомкорию сақатҳусулӣ ба қиём қоиманд. Дарвоқеъ ҳам, бо ин луғату ин вазъи луғатсозиамон оламе ба кори мо механдад ва айём ба ҳоли мо мегиряд.
1986
ДАР ТАҶРИБАГОҲИ АДАБИЁТ
Аз қадимулайём дар сари ин нуқта хосу ом якҷиҳатанд, ки ҳар як касбу ҳунарро устодон ва шогирдони заҳматпеша равнақ бахшидаанд, на ононе ки ба ин арса аз рӯи ҳавас ё тамаъ омадаанд. Касби суханвариро фақат натиҷаи ранҷу заҳмат пиндоштан ғалат аст. Дар ин майдон истеъдоди фитрӣ ва қобилияти модарзоди инсон аламбардор аст. Аз ин аст, ки баъзе гӯянд, пешаи суханварӣ шаҳодатнома надорад, аз бисёр қоидаҳои рӯзгорон мустасност ва мактабу устоди он ҳам рамзе беш нест.
Дарвоқеъ, ба ҳар як ҷавони дар суханварӣ каму беш соҳибдаст ҳамаи адибони мутақаддимин ва муосирин ҳаққи устодӣ доранд.
Бо ин ҳама ба назар чунин меояд, ки ҳар як роҳро раҳнамоест ва ҳар як пешаро пирею устодест, ки шогирдро аз асрори басе борик ва нозуки ҳунар, аз лағҷишу каловишҳо, саргармиҳои носавоб сари вақт огоҳӣ медиҳад, ӯро ба роҳи мустаҳкам, ростию покдастӣ ҳидоягар аст.
Пирони Машриқзамин фармудаанд: “Бе пир марав ту дар амонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ!” Агар инсон, хоса ҳунарваре ба роҳи хатову носавоб рафт, пешиниён гуфтаанд, ки ӯ дасти пирашро раҳо кард.
Ҳангоми мулоқот ҳаводорони адабиёт баъзан аз ман савол мекунанд, ки аз адибони имрӯзӣ киро ҳамчун муаллим ва устоди худ мешиносам. Ба ин пурсиш ҷавоб гуфтанам ҳамеша мушкил аст. Дарвоқеъ, кӣ ба ман ҳақи устодӣ дорад?
Солҳое, ки ман шеър машқ мекардам, асосан аз осори шоирони пешин ва аз ҳамаи шоирони баркамоли он давр, ҳатто аз ҳамсолони худ ибрате ва сабақе гирифтаам.
Аммо аз он рӯзе, ки дар ҷодаи наср такопӯе оғоз на-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё