Зеҳн
Саҳнаи гардон

Рӯзгор худ саҳнаи гардон аст. Адиби маъруф, дорандаи ҷоизаи ба номи Айнӣ Баҳроми Фирӯз солҳост, ки дар саҳифаҳои матбуот ба аҳли маънӣ бо мақолоту мусоҳибаҳои худ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзгор ва вазъи кунунии ҳунар ва адабиёт, фарҳангу китоб маъруфият дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 393 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

лимаи тоҷикиро гираду ба луғати академӣ ворид гардад.
Ҳамчунон мо ақида дорем, ки “виза”-ро фақат “виза” не, агар дар луғат зикр меёфт, баъзан “раводид” гуфтан ҷоиз буд, “маяк”-ро фақат “мино” не (калимаи хеле кӯҳнаи фаромӯш), балки “бурҷи нур”, “бурҷи раҳнамо” ҳам гуфтан лозим аст, (хоса дар шеър) ва “настольная книга” “китоби зарурӣ” не, урфан “китоби дами даст” ё “китоби сари даст” аст. Инчунин “паразит”-ро аз қадим дар забони тоҷикӣ “туфайлӣ” гуфтаанд (“Анқо магасмисол туфайлии хони ӯст” — Хоқонӣ). Дар фиқраи тавзеҳи ин калима ҳам иштибоҳе рафта. Туфайлиро агар луғати русӣ “растение или животное” гуфта, ба тоҷикӣ онро “растанӣ ё ҳашароте” овардаанд, ҳол он ки калимаи “животное” дар забони русӣ кулли ҷонваронро мефаҳмонад, вале ҳашарот як навъи ҷонвар аст.
Тарҷума ва тавзеҳоти ғалат дар ин луғат ба назар хеле фаровон аст, ки тамоми ғалатҳои онро агар ҷамъ оварем, аҷаб не, як китобе иборат аз тасҳеҳ мураттаб шавад. Балки ин корро ба субут расондан аз манфиат будагист.
Дар забони русӣ калимаи “сабза” ҳаст, ки аз форсӣ гузашта аст. Луғоти забони русӣ ба иттифоқ онро чунин тафсир кардаанд: “Сорт бессемянного изюма, получаемого из винограда сорта кишмиш”. Аммо дар луғати русӣ-тоҷикӣ онро “сабза” таъин кардаанду бас, яъне, алафи навхез. Намедонам, дар ягон маҳалли тоҷикнишин имрӯз майизи соягиро “сабза” мегӯянд ё не, ба ҳар ҳол, дар шарҳи он ин маъниро илова кардан зарур буд.
Беш аз 72 ҳазор калимаро тарҷумаю тафсир додани луғати нави русӣ ба тоҷикӣ толибони илму адабро мамнун мекунад, аммо ҳайфо, ки дар он моддаҳои тавзеҳашон такрор ва хеле луғоти камистеъмол ва безарурат ворид шудааст. Масалан, доири калимаи “аванс” паёпай шаш модда омадааст: аванс, авансирова

пешина
аз 393
навбатӣ