Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Рўи Аскар аз таъсири шароб ва қаҳру ғазаб то баногўш тафсида буд. Вай якзайл бо чўбчае дандон мекофту ба як тараф туф мекард ва чашмони суп-сурху нигоҳҳои ҷангараашро аз ҳамсўҳбатон намеканд.
-- Э, бар падараш наълат!,-аз рўи одат худ ба худ дашном дода, чашмони он ҳар дуро бештар тарсонид ў; саросема ва бошитоб фақат ба қадаҳи худ шароб рехта пур карду ба якборагӣ фурў бурд.
-- Ҳоҷӣ! Маро то Харангон намебарӣ?!
Ҳоҷӣ Сафарбек, ки аз ин ҳолати ногувор худ ва ҷиянашро раҳониданӣ шуда, баҳона мекофт, нафаси сабук кашид.
-- Мебарам. Чаро набарам, Аскарҷон?-хушомадгўёна гуфт ў.—Мо ҳам худ ба Душанбе раҳсипор будем.
Ҷиянро бурда расондан лозим. Ҳамин тавр не, Файзуллоҷон?
Файзулло қатъан рад кард
—Не, ман намеравам!—густохона гуфт ў— Шумо бемалол, рафтан гиред…Ман як дами дигар дар ин ҷо, дар хайма истода, бо апаам-Санавбар сўҳбат карда, баъзе чизҳоро навишта мегирам. Баъд, ана ин таоми овардаи тағоям нохўрда монд. Аз афташ, онро ҳамроҳи апаи Санавбар нўши ҷон мекунем!
Аскар аз ин бебокии ў бештар барошуфт, дандон гиз кард.
-- Ҳа, мо меравем!- гуфт ў. -Меравему… Лекин! –дар ҷойи нишаст каллаи гарангашро ларзонда, ба таҳи манаҳи Файзулло наздик овард. Чашмонашро танг карда, бо таҳдид ба қаду басти ў зеҳн монд. -Лекин, бисёр мехоҳам дар таҳи манаҳи як нафар як мушт фурорам!
Бо шунидани ин сухан Файзулло саропо ларзиду ба ҷанг бархост.
-- Киро заданиед, Шумо?!
Аскар низ калавида ба қади Файзулло рўи по шуд.
Аз дидани ин аҳвол Ҳоҷӣ Сафарбек сахт тарсида, ҳар лаҳза омода буд, дар ҳолати сар задани ҳодисае онҳоро аз ҳам ҷудо кунад.

пешина
аз 208
навбатӣ