Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-- Ҳиъ!—ҳуккосзанон мастона аз гардани Файзулло оғўш кард Аскар.—Натарс, додар! Туро намезанам!— Ва даст аз гардани ў раҳо карда, дар гардани Ҳоҷӣ Сафарбек ҳалқа намуд.—Ҳиъ! Ман мехоҳам як мушти обдор ба таҳи манаҳи баъзе Ҳоҷиҳо фурорам!
Ҳоҷӣ Сафарбек «Ё астағфрилло!» гўён худро қафо кашид ва ҳарчанд зўр мезад, наметавонист аз ў раҳоӣ ёфтан. Файзулло муштонашро гиреҳ карда, наздик омад, то ки барои халосии тағояш бо Аскар дастобагиребон шавад. Чун идомаи суханони Аскарро шуниданд, дили ҷияну тағо каме таскин ёфт.
-- Наход ба ман бовар надошта бошӣ-а? -- Сафарбекро сахттар дар оғўш кашида илова кард Аскар.— Ман хоки пойи ту мешавам, Ҳоҷӣ! Дастам шиканад, агар сояи муштамро ба сари ту бардорам! Ҳеъ! Ту аз он ҳоҷиҳо нестӣ, ки ба онҳо нафрат дорам! Ҳоҷии ҳамшаҳрамро мегўям! Ба ў қасд дорам!…Рафтем! Дар Харангон ўро дошта, дандонҳояшро зада нашиканам, намемонам!...
Ҳоҷӣ Сафарбек ҳаминро мехост. Ҳарчи зудтар ба роҳ баромадан. Дигар илоҷ набуд. Ё дар ин ҷо истода, рўзи дароз гапҳои пасту баланду арзу шикояти мастонаи Аскарро шунидан, ё ўро, ҳарчи бодо бод, ба назди Ҳоҷӣ Камол бурдан, бо вай рў ба рў кардан. Яъне, гуноҳ ҳам шавад, ба оташи қаҳру ғазаби ин дўсту рафиқаш, ки Худо аз куҷое овардааст, равған рехтан, ҳар ду ҳамдеҳаро бо ҳам ҷанг андохтан. Не, Сафарбек ҳаргиз ба чунин гуноҳ роҳ намедиҳад! Муҳимаш он ки ҳоло дер нашудааст, ба мошин савор шаванд. Дар роҳ илоҷи корро меёбад…
Дар ин лаҳзаҳо гўё мухбир, «нависанда»-Файзулло аз хотири ҳар ду фаромўш шуда буд. Файзулло низ гўё парвое надошт, ки ўро ҷўраҳо партофта мераванд, куҷо раҳсипоранд, кадом Ҳоҷиеро дошта, Аскар ба таҳи манаҳаш муште мефурорад, ҷанг мекунанд, гиребони ҳам медаранд, ҳар чӣ коре, ки мекунанд, бало ба пасашон, зеро Аскар аз ҳад беш маст аст, одами мастро ҳар кор аз дасташ меояд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё