Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Аммо барои кӣ, барои чӣ менависанд, «китоб»-ҳояшонро касе мехонад, ё не, барояшон фарқ надорад. Пул, сармоя, ки доранд, пойдарҳаво, бесару нўг, берабту низом қалам медавонанду саҳифаҳо сиёҳ мекунанд. Ба як маънӣ, имрўз ҳама нависанда шудаасту хонанда ангуштшумор! Эҳ, бар падараш наълат! Адабиётро ҳам ҳаром кардаанд ин пулдорон! Бо ин ҳама китобҳои фаҳше, ки имрўз бе пуштпушт чоп мешаванд, ба куҷо мерасем? Баъди даҳ-бист сол чӣ ҷавоб мегўем ба наслҳои босаводу китобхоне, ки баъди сари мо меоянд? А? Гап зан-ку, Ҳоҷӣ?
Ҳоҷӣ Сафарбек нобоварона ба Файзулло нигарист.
Нигоҳҳояш ғазаболуд буданд. Маълум ки ўро сарзаниш карданист: барои аз ҳад беш арақ нўшиданаш, барои худситоӣ, дар назди Аскар «ман нависанда!» гуфта «ҳавои даҳан» карданаш.
-- Э, ин ҷияни ман беҳуда мелақад!-тунд ба забон овард Ҳоҷӣ Сафарбек.-Ҳмм! Китобнависӣ осон шуд?
Баъд, рафту китоб ҳам нависад, бо кадом маблағ чоп мекунад, охир як пули пуччак надошта набошад?
-- Тағо! Маро беҳуда маломат накунед!—аз ғояти сархушӣ дағалӣ кард Файзулло.—Ҳар чӣ ҳам гўед, дар назди худ мақсад гузоштаам: Менависам, китоб чоп мекунам-аз нақлҳои Шумо, аз мушоҳидаҳо, дидаю шунидаам дар ин хаймаҳо, дар кўҳдоман, аз ҳаёти геологҳо!...
-- Хайр, аввал навис, ба ману тағоят нишон деҳ, хонем, он гаҳ баҳо медиҳем, ки дар навиштан чӣ ҳунару чи қобилияте доштаӣ!-лабонашро ба ханда каҷ карда, бо киноя ба забон овард Аскар.-Ҳоло, пеш аз пода чанг андохта, беҳуда аз худ нависанда натарош, ҷўра, ки ба Худо сарам вайрон шуда истодааст!
Бо ҳамин гўё ба сўҳбати гарми онҳо оби хунук рехту ба қавле дар як лаҳза даму нафаси ҷияну тағо ях баст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё