Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар рўзи бистучорум дасту по , дар рўзи сиюшашум чашмону гўшҳо шакл мегиранд. Баъди шаш ҳафта қолаби инсон бо ин ҳама узвҳо чени нахўд, дар ҳаштмоҳагӣ ба андозаи лўбиёст.
Ана ҳамин як лахтаки хуну об дар шастрўзагӣ ба ҳаракат медарояд. Дар дуюниммоҳагӣ тухм барин мешавад. Дар сеюниммоҳагӣ қариб сӣ грамм вазн дошта, қисми зиёди узвҳо фаъол мешавад. Дар рўзи 120-ум , яъне баъди чор моҳи ҳомиладорӣ модар ҷунбиши ҷигарбанди худро дар батни худ эҳсос мекунад. Акнун ҳамон лахтаки обу хун ба одам монанд мешавад.
Пўсташ қолаб гирифтааст, мўи сараш сабзидааст. Дар ҳаштмоҳагӣ ўро дар маҷмўъ метавон инсон номид. Дар нўҳ моҳ, ё зиёдтар аз он чашм ба олами ҳастӣ мекушояд. Ана ҳамин тавр. Инро ман аз худ набофтаам, Аскарҷон, инро илми тиб дар бораи анатомияи одам, яъне илми «чок кардани ҷисми инсон», илми назар кардан ба даруни ману ту исбот кардааст.
-Илми чок кардани инсон гуфтӣ? Агар ҷарроҳон, маро чок карда, дарунамро кофта берун бароранду нигаҳ кунанд, оё дили маро меёбанд? Ё дар миёни хуну халаф гум шудааст, об шудааст, ин як лахти гўшт?
-Иншоолоҳ, дили бақуввате дорӣ, Аскарҷон. Андозаи дили ту он қадар ҳам калон не, чени як каф мушти ту аст. Тақрибан 350-400 грамм вазн дорад. Лекин дар як дақиқа, агар хоб бошӣ, қариб чор литр, агар роҳ гардию бидавӣ, зиёда аз 10-12 литр хунро ҷаббидаю сар медиҳад. Дар давоми сол бошад, хуни ҷабидаи дили ту 300 тоннаро ташкил медиҳад! Ана бубин, дили ту чӣ хел бақувват аст! Дар ин сину соли ту, Аскарҷон, яъне то ба имрўз, ҳамин як пора дили нозуку бекинаи ту 250-300 миллион литр хунро ҷаббидаву дар рагу рагчаҳои баданат гардиш додааст…
-Ана гапу ана хабар!-бештар ба завқ меомад Аскар.-
Ана одами боақл, доно чӣ хел мешавад!

пешина
аз 208
навбатӣ