Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-Аслан, Худои мутаол дилро не, мағзи сарро аввал офаридааст, Аскарҷон. Ту-ку, инро аз ман нағзтар медонӣ..
-Ба ростӣ? Не, ман инро намедонистам. Ана дидӣ!
Боз мегўӣ, ки «гапи хуш» надорам! Хайр, бигў, фаҳмон, ба худо суханони ту саропо фалсафаанд, Ҳоҷӣ! Яъне, ибтидо мағзи сар, баъд Дил, ҳамин тавр?
-Бале, -боэътимод посух дод Сафарбек.-Аввал дар бораи Дил гап занем, ки нозуктарин, аз ҳама ҳассостарин, пуркортарин узви инсон аст. Ҳанўз 8 моҳу даҳ рўз пештар аз он, ки инсон аз модар таваллуд шавад, дили ў ба тапидан сар кард ва аз ҳамон лаҳзаю соат якзайл, як умр, то мурдани одам метападу метападу метапад… Аз тапидан барвақт ё дертар мондани Дил аввал ба хости Худо, баъдан ба худи инсон вобаста аст, ки онро то кадом андоза эҳтиёт мекунад, то кадом андоза намегузорад, роҳ намедиҳад, ки микробҳои манфури ғамҳои беҳудаи ин Дунё ба он ҳуҷум оваранд, то ки ин як пора лаҳми нозукро хўрда адо накунанд…
-- Оё аз ин суханон, ки саропо мағзи маъниянд, саропо ҳикматанд, илманд, гапи хуштаре ҳаст?-бо ҳаяҷон каф ба ҳам молида нидо кард Аскар ва илова намуд. - Ту гуфтӣ, ки ҳанўз 8 моҳу даҳрўз пештар аз он, ки инсон аз модар таваллуд шавад, дили ў ба тапидан сар кард?
-Бале,-бо қатъият тасдиқ кард ҳамсўҳбати ў.
-Чӣ хел?-бовар накард Аскар.-Охир, одам камаш баъди нўҳ моҳи дар батни модар пайдо шуданаш ба дунё меояд. Ҳамин тавр не? Пас, аз ин нўҳ моҳ 8 моҳу даҳ рўзашро тарҳ кунем, чанд мемонад? Ҳамагӣ 20 рўз.
Ҳамин тавр не? Пас, чӣ гуна мешавад, ки дар даруни як қатра обе, ки ҳанўз шакли одамро нагирифтааст, ба гуфти ту, дили ў ба тапидан сар кардааст?
-Рост гуфтӣ, Аскарҷон. Дар он ҳангом ҳамон як қатра оби гуфтаат шакли одамро нагирифтааст. Дар шонздаҳрўзагӣ дар он як қатраи қариб ноаён Худои мутаол қолаби мағзи сарро кашид, дар ҳаждаҳбистрўзагӣ бошад, як заррачаи қариб ноаёне, як лахтаки хун ба тапидан сар мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё