Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Як одаме, ки ҳам аз илми ин дунёву ҳам аз илми он дунё хеле хуб огаҳӣ дорад! Э қоил ман-е, дўстам Ҳоҷӣ! Гуфтам-ку, дар сўҳбати ту баринҳо кас дилгир намешавад, ба нақлҳои ту гўш дода, ҳам дил таскин меёбаду ҳам сар!..
Санавбар як шиша шароби гандумӣ оварда наздашон гузошт.
Сафарбек гардан каҷ карда, яке ба шишаи шароб ва яке ба Аскар нигаристу беҷуръатона ба забон овард:
-Аскарҷон? Чаро ин қадар дили бечораатро азоб медиҳӣ? Чаро ин қадар дар фикри ин дунёи бевафои гузарон ҷонатро дар азоб мемонӣ? Охир, гуфтаанд, ки ба шаҳри Якчашма даромадӣ, бояд як чашмата кўр кунӣ…
Боз димоғи Аскар сўхт. Вай қавоқ андохта, даҳони шишаро кушод,. дар ду қадаҳ шароб рехта истода, ба Файзулло нигарист. Аз нигоҳҳои бесабронаи Файзулло пай бурд, ки ў розист, «майлаш, бирезад,-мегўяд он чашмон, ҳамулфат мешавам».
-Ман ҳеҷ гоҳ аз пайи кўрон намеравам, Ҳоҷӣ!»- ҳамқадаҳашро интизор карда, асабиёна гуфт Аскар.
Ҳеҷ гоҳ дар ин замонаи оҷиз, дар ин «шаҳри Якчашма»
худро кўр намекунам, мемураму бо чашмони боз, чашмонамро калон кушода, ба ҳама гапи диламро рўйрост гуфта, мемирам! Хайр, ту рафтанӣ будӣ-а?! -Дандонҳои ў беихтиёр ғиҷиррос заданд.-Хуб, ихтиёрат. Бирав, аз роҳ намонӣ! Бирав, намозата бихон! Ба Худои мутаол саҷдаву надомат бикун! Мо шароб менўшем!..
Сафарбек хапу хомўш, бо сари хам аз ҷой бархост.
Баъди рафтану аз назар ғойиб шудани ў қадаҳҳо ба ҳам ҷанг хўрданд. Лаҳзае чанд ҳамин- ҷарангос садо баровардани қадаҳҳо «сўҳбати» ду нафар ҳамулфат шуд.
Майи суроҳӣ дар як дам то нисф пойин фуромад.
Рухсораҳои ҳар ду лолабарг шуданд. Ҳар ду, гўё суханро каҳт зада бошад, бо бинӣ фассас нафас кашида, ҳарфе ба забон намеоварданд.
-- Ҳа маълум,-ниҳоят, дар ҳоле, ки дандонҳояшро шараққос мезанонд, бо оҳанги ситеза овоз баланд кард Аскар.- Аслан мақсади ба ин ҷо омаданатро фаҳмидам, ҷўра.

пешина
аз 208
навбатӣ