Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аздусар нашнида ўро ду писар,
Қуфл бишкастанд аз сандуқи зар.
Чун назар карданд, аз роҳи шигифт
Чеҳрашон ранги тани беҷон гирифт.
Ку ҷавоҳир, ай Худо, ку симу зар?
Кўр карда ҳирс чашмошон магар?
Балки на! Ҳарфе дар он бинвишта чанд,
Кӣ ҳамедонад, чиҳо бинвиштаанд?!
Чашм нагрифта абас аз хатти зар,
Не падар хондан тавонад, не писар.
Бурд бояд пеши занҳо (Айб! Айб!)
Зан бувад, зан бохабар аз илми ғайб!
Қуфлбикшои дари асрор зан,
Розгўи олами ахбор зан.
Нуктадони кўчаву бозор зан,
Огаҳ аз пешомади ҳар кор зан.
Ҳар хабар кас ибтидо аз зан шунид,
Аз киҳо, кай, аз куҷо бар зан расид?
Аз замин ё аз само бар зан расид?
Аз малак ё аз Худо бар зан расид?

Ду писар бурданд он савдои хеш
Машварат карданд бо занҳои хеш.
Пеши фарзандон падар хомўш буд,
Аз алам, аз дард заҳраш нўш буд.
Лек, ду келин надонистанд ҳеҷ,
Хатти зар хондан натонистанд ҳеҷ.
Маслаҳат доданд:
«З-он сандуқи зар
Кард бояд шоҳи кишварро хабар.
Боядо аз шоҳ инъоме гирифт,
То зи айши зиндагӣ коме гирифт!».

В-он замон афканд бо зорӣ падар
Сар ба пойи он ду келин, ду писар:
«Сабр бояд, сабр, аз баҳри Худо!

пешина
аз 208
навбатӣ