Зеҳн
Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бандаро мушкилкушо Парвардигор,
Ибтидою интиҳо Парвардигор!»
Покдоман, рўсапеди моҳрў,
Рў далели покдомонии ў.
Дил зи ҷўи меҳри шў мехўрд об,
Эҳтироми шўй будаш беҳисоб.
Дошт шавҳар бар вафояш эътимод.
Ишқи покаш ҷўш мезад дар ниҳод.

Бо каландаш хоки тар бишкофт мард,
Аз аҷаб, о ваҳ, гиребон чок кард!
Ҳаст шуд дар чашми ў рўъёи зан,
Оҳ, меарзад, фитад дар пойи зан!
Қуттие омад бурун аз хоки тар,
Чашм ўро хира шуд аз тоби зар!
Қуттии заррин!-Нидо кардаш писар,
Сандуқи зар!-В-он дигар гуфто, -Падар!
Мард гўё хуфта буд, бедор шуд,
Гуфт: «Фарзандон! Аҷаб як кор шуд!!!
То ба чашми хештан бовар кунем,
Машварат бояд ки бо МОДАР кунем!
Модаре, к-аз неку бад огоҳ ўст,
Ҳар чӣ вай таъбир кард, ояд дуруст.
З-ин сухан хандиду гуфт аввал писар:
«Машварат, яъне ки бо кӣ, эй падар?!
Бо занат қисмат кунем савдои мо?
Пас, чӣ бояд кард бо занҳои мо?
Аз зани ту гар фақат гирем панд,
Чун шавад, занҳои мо гар бишнаванд?!
Мо, ки се мардем, бояд, эй падар,
Худ кушодан қуфли ин сандуқи зар…»
Он ду тан нашнид то ин лаб кушуд,
Дар сухан аз ҷаҳди ин суде набуд.
Ҷаҳли фарзандон чу боло мегирифт,
Он қадар мемонд дар банди шигифт.
Гуфт: «Ҳайфо, корро афтад гиреҳ,
Панди МОДАР гар набишморем беҳ!».

пешина
аз 208
навбатӣ