Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
Файзулло заҳмати дусолаи хидмати аскарияшро қадр мекард, меписандид бофтаҳои хаёлоташро, агарчанде ҳанўз нуқта нагузоштааст ба мақтаи он.
Муҳимаш он ки матлаъ дорад, банду басти воқеаҳо дар бобҳои аввал пайи ҳам омадаанд, ба қавли худаш.
Тазодҳоро ба қадри маҳорати нависандагии хеш «табъи дил» нишон додааст, қаҳрамонҳояш одамони муосир, зиндаву ҳаётанд. Фақат номи Санавбарро тағйир додаст ва кори хуб ҳам кардааст, то ки китобро хонда малоли хотираш нашавад,-такроран аз дил гузаронд ў.
…Файзулло гоҳо ба торикии анбўҳи дараву пуштаҳои ҳар ду самти роҳи Хобуробод-Душанбе бо ҳавас дида меандўхт, гоҳо нигоҳашро ба самти муқобил мелағжонд; тамоми ҳушу ёди ронанда ба роҳ банд буд ва ҷавони дар паҳлўяш нишаста бо сари кашол ғанаб мерафт. Агарчи ў низ бар асари кўфтагии роҳ сахт хаставу лакот шуда буд, чашм немепўшид, тан намедод ба хоб, навиштаҳояшро гаштаю баргашта варақ мезаду барои тақвияти ҳар маънӣ маъниҳои нав меҷуст, фикру хаёлоти бесару нўгро дар сараш чарх мезанонд, андешаҳо меронд, «майна об мекард».
«Кӣ медонад, шояд дар ин ду сол бофтаҳои хаёлаш дар бораи тақдири қаҳрамонони асараш Лола, ки ҳамон Санавбар аст ва Аскар ба ҳақиқати воқеӣ табдил ёфтааст?,- аз мутоилаи зиёд хаста шуд магар ки андешаҳояшро ҷамъу гир карда, ниҳоят ба хулосае омад Файзулло.- Шояд онҳо соҳиби фарзанди дўстрўе шудаанд? Шояд Аскар дигар бадмасти гузаро, касалманд нею як одами дуппа дуруст, бардаму бақувват, марди асил, соҳиби ҳақиқии дару хонаи обод шудааст?…».
Бо ҳамин андешаҳо Файзулло ҷустуҷўи маъониро барои банду басти асар муваққатан мавқуф гузошта, дигар варақгардон накард дафтари эҷодашро ва онҳоро қат карда, дар ҷузвдонаш андохт. Дар назди худ мақсад гузошт, ки то ба хона расидан хотима медиҳад ба таҳрири асар, ба идомаи фикру андешаву бофтаҳои хайлоташ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё