Рози Замин

Садрӣ Умар?, «Рози Замин» розест аз розҳои зиндагӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ-иҷтимоии замони муосир.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 208 саҳифа
-- Аз куҷо донам, чӣ кор мекунӣ, Исқотӣ!-боз девонаавзоёна тунд шуд Ҳоҷӣ Камол.- Ҳамчун як бандаи мўъмину мусулмон, насиҳати як фарзанди мусулмон дар гарданам қарз буд, гуфтам. Ана он Аскари исқотӣ бошад, бо ман гапӣ нест, ки наздаш барамат. Ҳа, духтар.
Иншоолоҳ, мебинам, ки Худо дар дилат андохтааст, пушаймон шудаӣ аз корҳои кардаат! Он тараф чӣ тадбир меҷўӣ, ҳамқишлоқи маро аз куҷо меёбӣ, чӣ гуна дилашро меёбӣ, Худо мададгорат. Аммо нашавад, ки боз Шайтон аз раҳ бизанад, ки дигар пушаймонӣ суде намебахшад.
Ҳо, баракалло, духтарам, баимон шав, фаромўш накун, ки ту фарзанди мўъмину мусулмон ҳастӣ. Хайр, ман рафтам.
Лола дуру дароз аз пайи «Некси» дида андўхту оташаки умед дар чашмонаш барқ зад ва ҳамоно ба самти муқобили роҳи мошин роҳ пеш гирифт.
Ана ҳамин тавр як асаре рўи коғаз оварда буд Файзулло, бо воқеаҳои давомдор, саргузаштҳои талху ширин, ғамгину гуворои ҳанўз навишта тамом нокарда.
Боби дуввум бо қиссаи ошиқонаи Сайиду Зумуррад оғоз меёфт. Он чиро, ки тағояш аз саргузашти ин ду ҷавон ҳикояташ карда буд, бо бофтаҳои бадеии хаёлоти рангин ба қалам дода буд Файзулло. Сўзу гудоз надошт ин қиссаи ошиқона мисли қиссаҳои афсонавии Лайлию Маҷнуну Фарҳоду Ширин. Ҳар лаҳза, ҳар соати вохўриҳои дилдодагон ҳангоми ҷустуҷўи конҳо, дар лаҳзаҳои истироҳат дар сояи дарахтони адир, дар хаймаҳо ва дар қади растаҳои Душанбе, дар чаҳорбоғҳо, қаҳвахонаҳо гарму ширин, хушу гуворо буданд. Қавли вафо доданд ба ҳамдигар, аҳди якумрӣ бастанд. Аз байн як сол гузашту ҳамон рўзи донишгоҳро хатм карданашон тўю тамошо доданд, оилаи хушбахт барпо карданд.
Дар боби сеюм ҳаёти оилавии Лолаву Аскар, батамом тарки майнўшӣ кардани Аскар ва шифо ёфтани ў, ба намозу дини ислом сидқан гаравидани зану шавҳар, зиндагии хушбахтонаи онҳо тасвир ёфта буд.
Боби чорум… Ким-чиҳо навиштааст Файзулло, аммо ким-чӣ хел, чигил, печ дар печ аст, табъи дил банду баст нашудаанд воқеаҳо, хотимаи асар ҳоло ба сараш наомадааст…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё