Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ин сабаб филфавр дар Алфа телевизион ташкил намуд. Дар ин шабака ҳамеша дар бораи мустақилият, маълумот пахш гардида, сарзамини Бетта ва омега гунаҳкор карда мешуданд. Зет бо пахши иттилоъҳо дар бораи аз уҳдаи ҳокимият набаромадани Алфа боз як гурӯҳи дигарро дар дохили мамлакати хурд ташкил намуд, ки аз ҳукуматдорони Алфа норозӣ буданд. Ва чанде нагузашта аз ҳамдигарнофаҳмӣ ва мухолифатҳо дар Алфвӯа ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Се мамлакати бузург хостанд мушкилоти Алфаро ҳал кунанд. Онҳо паси мизи музокирот нишастанд ва...

ҲИКОЯРО ИДОМА ДИҲЕД…..

Паси мизи музикорот нишаста онҳо танҳо Алфаро ба се қисм байни худ тақсим карданд. Бетта бо аз худ кардани захираҳои нав, Омега бо васеъ кардани ҳудуди худ хурсанд буданд. Зет аз хайрхоҳии худ қаноатмандона дар қисме аз ҳудуди нави худ, ки дар онҷо мардумони собиқ мамлакати хурди Алфа зиндагӣ мекарданд, сулолаи худро барои нигоҳ доштани расму оини он мардум супорид.
Дар фарҷом танҳо Алфа хурсандӣ накард, зеро он дигар вуҷуд надошт.

Ба воситаи иттилоот на танҳо дар бораи одамон ва номзадон, балки дар бораи тақрибан ҳама ҳодисаву падидаҳо афкори шуморо ташаккул додан мумкин аст. На ҳама ВАО ва журналистон фурӯхташуда ё зархариданд. Аммо имрӯз ВАО абзори KE:C>‹ ҷиддие мебошад, ки иттилоотро паҳн мекунад ва иттилоот ба олати муҳим табдил меёбад. Ҳоло бисёр ҷангҳо на дар майдони муҳориба, балки дар фазои густурдаи иттилоот: интернет, саҳифаи рӯзномаҳо, дар эфири телевизион ва радио барпо мешаванд. Инҳоро ҷанги иттилоотӣ меноманд. Аз ин рӯ, аксари онҳое, ки мақсади муайян доранд, соҳиби ВАО-и шахсии худ ҳастанд.
Меъёрҳои этикаи касбии ВАО амал мекунанд, ки принсипи асосии онҳо объективона инъикос намудани рӯйдодҳо мебошад. Журналист наметавонад дар ҷараёни муноқиша ва ҳодисаҳо ин ё он мавқеъро ишғол намояд. Ҳамин тавр, вазифаи асосиро дар самтбахшии афкори ҷомеа ВАО иҷро мекунанд. Мисолҳо: хидматрасонии ҷаҳонии Би-Би-СИ, ВАО-и Олмон, Фаронса.

ВАО ва иттилоот – Биниш (обзор)-и муқтадир. Журналистон нуқтаҳои дардноки
ҳаёти ҷамъиятро ошкор менамоянд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеа
ва давлатро ба ҳалли мушкилот ҷалб намоянд. Бисёр журанлистон мекӯшанд, ки
тадқиқоти журналистӣ гузаронида, иттилои дақиқ бидиҳанд.

пешина
аз 126
навбатӣ