Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Матн. Амнияти миллии иттилоотӣ.
Афсонаи “Шоҳигарии хурд – Алфа”
Буд, набуд шоҳигарии хурде бо номи Алфа буд. Кӯчаку хушбахт буд, зеро барои зиндагии хушбахтонаи сокинонаш ҳама чизро дошт.
Кони маъдан дошту табиати зебо ва сокинони меҳнатдӯст. Сокинони Алфа хеле хушбовар буданд ва ба ҳама суханони телевизиону
рӯзномаҳо бовар мекарданд. Шоҳигарии хушбахт се ҳамсояи калон дошт: Бетта, Омега ва Зет Алфа дар ҷаҳон бо ҳамсоягони бузург мезист. Вале боре дар шоҳигарии Бетта пай бурданд, ки шумораи сокинони он рӯ аз рӯз афзоиш меёбад ва шояд захираҳои он ба наздикӣ
барои ҳама сокинон кофӣ нахоҳад буд. Аз ин рӯ Бетта ба минтақаи Алфа чашм ало кард. Пеши худ андешид, ки Алфа кӯчак аст, онро
нисбат ба ҳамсоягони бузурги дигар зуд тасхир кардан мумкин. Вале азбаски ишғолгарии ошкоро дар пеши назари ҳамсояҳои дигар паёмади хуб надошт. Ӯ хост, ки зиракона амал кунад ва сокинони Афаро чунон ба доми худ кашад, ки онҳо бо хоҳиши худ ба Бетта пайванданд.
Бетта дар Алфа рузномаи шахсиро ташкил намуд. Мақсадаш ҷалб кардани диққати аҳолӣ буд. Аввалҳо дар рӯзномаи Бетта дар бораи
чи қадар олӣ будани мардумони Алфа ва расму оинҳои хубашон матлаб нашр мешуд. Дар бораи ҳукмронии шоҳигарӣ Рӯзномаи шахсӣ
ягон матлаб чоп камекард ва ё агр чоп кунад ҳам он бетарафона буд. Вақте доираи аудитория рӯзномаи зиёд шудан гирифт ва онро
қараб ними аҳолии Алфа мехонд, дар бораи заиф будани намояндагони шоҳигарӣ ва қудрати Бетта бо захираҳояш барои наҷот додани
мардумони Алфа матлабҳо ба нашр расонид.
Рафта – рафта аҳолии Алфа ба ду қисм ҷудо шуданд ва дар Интернет дар бораи тобеъ шудан ба Бетта ва мустақил мондани Алфа
сарусадоҳои гуногун паҳн шуданд. Ҳамаи инро Омега, ки худро аз ҳама пурқудрат дар минтақа мешуморид мушоҳида намуда, чунин
андеша намуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат намедиҳад, ки Бетта Алфаро тасхир кунад. Беҳтараш худи Омега Алфаро ба тобеати худ медарорад. Бо ин андеша тасмим гирифт, ки дар сарзамини хурдакак нашрияи интернетиро ташкил мекунад. Дар матолиби худ “Нашрияи
Интернетии Шахсӣ” Беттаро барои дахолат кардан ба корҳои дохилӣ гунаҳкор менамуд. Ин матлабҳо дар байни гурӯҳи аҳолие, ки зидди
тобеъ шудан ба Бетта буданд зуд машҳур гардид. Шоҳигарии Алфа ва Беттаро ҷанг карда, “Нашрияи Интернетии Шахсӣ” шаҳрвандони
мамлакати хурдро ба тобеияти худ даъват намуд. Ин барои ба гурӯҳҳо ҷудо шудани мардуми Алфа оварда расонид. Мухолифати байниҳамдигарӣ аз шабакаи интернетӣ ба оҳиста-оҳиста ба кӯча расид. Гоҳ дар ин ҷову гоҳ дар он ҷо тарафдорони Бетаву Омега ва онҳое
низ, ки тарафдори соҳибистиқлолии Алфа буданд, байни ҳам кашокашу муноқиша мекарданд.
Дар ин ҳолат мамлакати Зет, ки худро аз ҳама хайрхоҳ мешуморид, тасмим гирифт, ки танҳо ӯ метавонад ба Алфа кӯмак кунад то дар
муқобили ҳуҷуми иттилоотии ҳамсоягони пурзӯраш истидогарӣ кунад.

пешина
аз 126
навбатӣ