САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Усулҳои манипулятсия танҳо дар реклама ба кор намераванд. Иттилоот метавонад
ба абзори идоракунии шуури ҷамъиятӣ табдил ёбад. Агар мақсад ташаккул додани
ин ё он тасаввуррот дар бораи ягон ҳодиса ё падида бошад, иттилоот дар ин маврид
кӯмаки зиёд мерасонад. Васоити ахбори омма абзори тарғиботу ташвиқот (прапоганда)
буда метавонад. ВАО ҳатто қодир аст, ки намояндагони як миллатро ба қатли ваҳшиёнаи миллати дигар таҳрик диҳад.
Масалан, вазири тарғиботи Олмони гитлерӣ Йозеф Геббелс дар зиёд шудани нуфузи
ҳаракати миллӣ-сотсиалистӣ саҳми зиёд гузошт. Ӯ барои расидан ба ин ҳадаф радои
ва киноматографиро фаъолона истифода бурд, ғояҳи фашизмро тавассути онҳо паҳн
намуд ва ба яке аз ташкилкунандагони “холокост” табдил ёфт. Телевизион он вақт
чандон дастрасу маъмул набуд. Номбурда бо сӯиистифода аз ВАО марудми кишвари
худро аз ҷиҳати идеологӣ ба депорт ва қатли ҷуҳудҳо омода намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё