Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аслан ин манипулятсия аст. Роҳҳои гуногуни манипулятсиякунонии реклама
мавҷуд мебошад. Масалан, вақте ки ягон молро бо моли рекламашаванда, аз
қабили айнаи ҷомашӯӣ ва ё шарбат муқоиса мекунанд. Дар баъзе маврид барои
таъмин кардани муваффақият ба реклама ситораҳои машҳурро даъват мекунанд, он
сароянда ё ҳунарманд тасдиқ мекунад, ки ягон рӯзашро бе маводи рекламашаванда
намегузаронад.
Бо усули гирифтани “ситораҳо” дар сомонаҳои иҷтимоӣ “Вайнерони” машҳур (истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ, ки наворҳои хурдро сабт ва пахш мекунанд) зу-зуд ягон маводро реклама мекунанд ва бо ин роҳ маблағ ба даст меоранд.

Ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон аз як реклама 500 сомонӣ ба даст меояд. Масалан,
одаме, ки саҳифаи инстаграми ӯ чандин ҳазор хонанда дорад, агар нависад, ки як рӯз
ҳам бе нӯшокии навъи муайян зиста наметавонад, пас ин бешубҳа реклама аст. Бисёр
наврасон мехоҳанд, ба қаҳрамони маҳбуби худ монанд бошанд. Рекламасозон низ аз
ҳамин нозукӣ бамаврид истифода мебаранд. Инро метавон идоракунии шуури наврасон
донист.

пешина
аз 126
навбатӣ