Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Иловаи муаллим: Манипулятсия ва тарғибот дар ВАО. Ҳар як иттилоот ба
шахс таъсир мерасонад. Ба хотир оред, ки шумо кай охирон маротиба тҳангоми тамошои филм гиря карда будед, чӣ гуна як таърихи муваффақият шуморо
рӯҳбаланд сохт, масалан, Гайрат Примбердиев, ки дар намоиши «Голос» баромад
карда буд, ва ё шумо ба кӯдаки гирифтори саратон, ки дар шабакаи хабарӣ нишон
дода шуд ҳамдардӣ ҳис кадед. Ё шояд шумо нисбати фиребгароне, ки нафақахӯрононро фиреб доданд, ғазабӣ шудед. Мо чунон тарҳрезӣ шудаем, ки ақли мо ба маълумотҳо фаврӣ ҷавоб медиҳад, аммо дар хотираамон ин иттилоот нигоҳ дошта мешавад
ва муносибати мо ба он ба муддати тӯлонӣ мемонад. Намунаи осонтарини таъсири
иттилоот ба шахс ин реклама мебошад. Мисолҳои дигари таъсири реклама ба зершуур вуҷуд доранд.
• Ақидаи он, ки дар мизи идонаи шумо ҳатман бояд шишаи кока-кола бошад, дар ҷомеа васеъ паҳн шудааст.
• Ё ки якбора ду болиштаки сақичро ба даҳон партофтан.
Савол ба синф: Ба фикри шумо ин бо чӣ мақсад тавсия мешавад?
Путем общих рассуждений прояснить, что таким образом рекламодатели (заказчики
рекламы) способствуют увеличению потребления людей, а следовательно продаж своих товаров. Глядя на рекламаи, ки дар он қаҳрамон якбора 2 болиштаки сақичро мегирад, тамошобин метавонад хулоса кунад, ки яктоаш барои як хоиш кофӣ набошад.
Дар асл, ин манипулятсия кардан аст. Роҳҳои гуногуни манипулятсия дар реклама
вуҷуд доранд. Масалан, ҳангоми муқоиса кардани ягон гуна маҳсулот бо маҳсулоти рекламашаванда, ба монанди хокаи шустушӯӣ ё шарбат. Баъзан онҳо, бо мақсади нишон
додани образи бомуваффақият, кӯшиш мекунанд, ки ситораеро барои реклама даъват
кунанд, ки гӯё ин ва ё он ҳофиз ё актер рӯзе бе истифодаи маҳсулоти рекламашаванда наметавонад. Бо ин принсип даромади «ситораҳо» -и шабакаҳои иҷтимоӣ сохта
мешавад. Вайнерҳои маъруф (корбарони шабакаи иҷтимоӣ, ки видеофилмҳои кӯтоҳвайнҳо сабт мекунанд) - аксар вақт маҳсулотҳои гуногунро реклама мекунанд ва ба ин
васила пул мегиранд.
Дар маҷмӯъ, дар Қирғизистон 500 доллари ИМА барои як реклама (пост) (ҷойгиркунии тасвир ё матн) мегиранд. Масалан, агар шахсе, ки якчанд сад ҳазор одамон ба
instagram-и ӯ аъзо шудаанд, менависанд, ки рӯзе бе нӯшокии ин ё он марка наметавонанд, ин эҳтимол, ки реклама аст. Бисёре аз наврасон мехоҳанд, ки ба мисли кумир
(идеал)-и худ бошанд, ана маҳз ҳаминро рекламадиҳандагон истифода мекунанд. Ин
манипулятсия бо психологияи наврас мебошад.
Бо ин мо мефаҳмем, ки бо чунин роҳ рекламадиҳандагон (фармоишгарони реклама) ба афзоиши истеъмоли одамон мусоидат мекунанд ва аз ин рӯ фурӯши маҳсулоти онҳо зиёд мешавад. Бо дидани он, ки 2 болиштаки сақичро якбора гирем, на
якто тамошобин хулоса мекунад, ки ҳамин тавр бояд кард.

пешина
аз 126
навбатӣ