Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо гузашти наздики як моҳ аз гузориши «Китобфурӯшии ҳунарманди номӣ дар кӯчаҳои Душанбе» (БА ҲОШИМ ГАДО ЧӢ
ШУД? «Имрӯз дар назди чорраҳои майдони Исмоили Сомонӣ марди қоматбаландеро дидам, ки дар тан костюми фарсудае дошт. Дар наздаш дар болаи
алаф халтаҳо мехобиданд. Аз андоми вай маълум буд, ки хиҷолат мекашад.
Ба назди ман омаду китоберо дароз намуда, хоҳиш кард, ки харам. Маълум
гардид, ки ӯ муаллифи китоби мазкур, ҳунарманд Ҳошим Гадо будааст. Гуфт,
ки нақши Сӯҳробро бозида буд. Хело сахт аст, ки ҳунарманд дар ин ҳолати гиряовар қарор дорад. Ҳатто намедонам, ки ғайр аз китобашро харидан, ба вай
чигуна кӯмак расонам», - менависад зан.), хабар дод, ки вазири фарҳанг ба
дидорбинии Ҳошим Гадо рафтааст. Дар хабари кӯтоҳакаки вазорат гуфта мешавад, ки «ба ифтихори Рӯзи театр вазири фарҳанг ба хонаи чанд собиқадорони театр рафта, онҳоро табрик гуфт ва кӯмакпулӣ расонид.» Дар феҳристи
ҳунармандоне, ки дафтари матбуотии вазорат номбар мекунад, номи Ҳошим
Гадо низ зикр гардидааст.

Нурғозӣ – писараке, ки барои ба мактаб рафтану таҳсил кардан
мехост дучарха дошта бошад, зеро аробачаи маъюбии ӯ ҳамеша вайрон
мешуд. Қиссаи ӯро журналисти радиои Азаттики Бишкек Улан Эгизбаев ба шунавандагон нақл кард ва бо ҳамин ӯ соҳиби дучарха шуду ба орзуяш расид. Жрунлисти мазкур бо ин қисса аз рӯи номинатсияи “Таваҷҷуҳи тамошобин” дар озмуни
Webbyawards аз байни 12 ҳазор ролик аз 65 кишвари дунё ғолиб омад. Ин ҷоизаро
“Интернет – Оскар” меноманд. Нурғозӣ ҳамроҳи муаллиф ба маросими ҷоизасупорӣ ба ИМА рафт.

Вақте ки моҳи январи соли 2017 ҳавопаймо дар қасабаае наздики ба фурудгоҳи Манас дучори суқут шуд, ба шарофати фаъолнокии корбарони интернет ва ВАО, ки ин
фоҷеаро бозтоб медоданд, ба осебидадагон зуд кӯмак расонида шуд. Дар баробари
ёрӣ ба маҷрӯҳон ҳангоми ҳамвор кардани барфтӯдаҳо тавассути интернет эълом
карда шуд, ки ба наҷотдиҳандагон, муҳофизон минтақаи фоҷеа, табибон ғизои гарм
расонида шавад.

пешина
аз 126
навбатӣ